Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Усмон Тошев барои фаъолияти якҷоя изҳори сипосгузорӣ менамояд – Федерация Футбола Таджикистана

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Усмон Тошев барои фаъолияти якҷоя изҳори сипосгузорӣ менамояд

Мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев бинобар ба итмом расидани шартнома, аз вазифаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон меравад. Таҳти роҳбарии ӯ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бозӣ карда, дар гурӯҳи “F” дар ҷои дуввум қарор гирифт.

“Ман мехоҳам ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дастгирии гарме, ки дар тӯли се соли кор ба ҳайси сармураббии тими миллӣ эҳсос кардам, ташаккур бигӯям. Ин марҳилаи фаъолияти мураббигии ман ва зиндагии ман ҳамеша дар қалби ман боқӣ хоҳад монд. Ман ҳамеша бо гармиву хушнудӣ Тоҷикистонро ба ёд меорам, ки хонаи дуввуми ман шудааст. Мехоҳам ба ҳамаи футболбозоне, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштам, ба ҳамаи кормандони тими миллӣ, ки ба ман кумак карданд, ташаккур гӯям. Ташаккур ба ҳамаи мухлисоне, ки моро дастгирӣ карданд. Аз тими мунтахаби Тоҷикистон рафтан, ман бо итминон гуфта метавонам, ки мо дар тими миллӣ оилаи хубе ба вуҷуд овардем. Боварӣ дорам, ки мунтахаби Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мегардад. Ман ҳамеша ва самимона ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон мухлисӣ хоҳам кард. Барори кор ба ҳама ва ташаккур ба ҳама барои дастгирии бузург!”, – гуфт Усмон Тошев ҳангоми хайрухуш. 

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Усмон Қудратович Тошев барои кори пурсамари муштарак изҳори ташаккур намуда, ба ӯ дар фаъолияти мураббигии минбаъда барору комёбӣ орзу мекунад.

Назари худро бинависед