Душанбе мизбони ду гурӯҳи марҳилаи интихобии қаҳрамони Осиё-2022 байни мунтахабҳои футболи занон – Федерация Футбола Таджикистана

Душанбе мизбони ду гурӯҳи марҳилаи интихобии қаҳрамони Осиё-2022 байни мунтахабҳои футболи занон

Конфедератсияи футболи Осиё санаи баргузории ду гурӯҳи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё -2022 байни дастаҳои мунтахаби футболи занонро тасдиқ намуд. Мусобиқаҳои мазкур даҳаи дуюми моҳи сентябр дар Душанбе баргузор хоҳанд шуд.

Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё -2022 байни тимҳои миллии занона дар гурӯҳи “В” бо ширкати тимҳои Ветнам, Тоҷикистон, Молдив ва Афғонистон аз 24 то 29 сентябр дар Душанбе баргузор мешаванд. Ҳамчунин, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе аз 25 то 30 сентябр бозиҳои гурӯҳи “С” баргузор мешаванд, ки дар он дастаҳои мунтахаби занонаи Сингапур, Ироқ ва Индонезия ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё -2022, ки аз 20 январ то 6 феврал дар Ҳиндустон баргузор мешавад, ғолибони ҳашт гурӯҳи марҳилаи интихобӣ роҳ меёбанд. Се дастаи беҳтарини охирин Ҷоми Осиё, ки соли 2018 баргузор шуда буд, яъне Ҷопон, Австралия ва Чин аз иштирок дар бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё -2022 озод карда шуданд. Ҳиндустон низ ҳамчун мизбони Ҷоми Осиё -2022 аз иштирок дар ин марҳилаи мусобиқа озод аст.

 

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби занон

Гурӯҳи «В»

Иштирокчиён: Ветнам, ТОҶИКИСТОН, Молдив, Афғонистон.

Даври 1-ум

23 сентябр (панҷшанбе)

17:00 – Ветнам – Афғонистон

20:00 – ТОҶИКИСТОН – Молдив

 

Даври 2-юм

26 сентябр (якшанбе)

17:00 – Молдив – Ветнам

20:00 – Афғонистон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 3-юм

29 сентябр (чоршанбе)

17:00 – Молдив – Афғонистон

20:00 – Ветнам – ТОҶИКИСТОН

 

Гурӯҳи «С»

Иштирокчиён: Сингапур, Ироқ, Индонезия.

Даври 1-ум

24 сентябр (ҷумъа)

18:00 – Индонезия – Сингапур

 

Даври 2-юм

27 сентябр (душанбе)

18:00 – Ироқ – Индонезия

 

Даври 3-юм

30 сентябр (панҷшанбе)

18:00 – Сингапур – Ироқ

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳои гурӯҳҳои «В» ва «С» дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Назари худро бинависед