Доварони Тоҷикистон аввалин бозии худро дар Лигаи Шоҳзода Муҳаммад бин Салмон гузарониданд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони Тоҷикистон аввалин бозии худро дар Лигаи Шоҳзода Муҳаммад бин Салмон гузарониданд

Ҳайати доварони Тоҷикистон аввалин бозии худро дар Лигаи Шоҳзода Муҳаммад бин Салмон – дивизиони якуми Арабистони Саудӣ хизматрасонӣ намуд.

Доварони мо бозии даври ҳабдаҳуми Лигаи Шоҳзода Муҳаммад бин Салмон – дивизиони якуми Арабистони Саудӣ байни дастаҳои «Ал-Драиҳ» ва «Ал-Адалҳ», хизматрасонӣ карданд. Бозӣ рӯзи 28 январ дар Эр-Рияд баргузор шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи “Ал-Драиҳ” анҷом шуд. Сардовари бозӣ рефери ФИФА аз Норак – Насрулло Кабиров буд. Ӯро дар канори майдон ёварони рефери ФИФА – Акмал Бӯриев (Турсунзода) ва Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) кӯмак намуданд. Вазифаи довари эҳтиётиро рефери ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов аз Душанбе иҷро намуд.

Ёдрас мешавем, ки ҳайати доварони Тоҷикистон то шурӯъи 30-юмин қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ, ки оғози он моҳи апрел нақшагузорӣ шуда аст, бозиҳои Лигаи шоҳзода Муҳаммад бин Салмон – двизиони якуми Арабистони Саудиро хизматрасонӣ хоҳад кард.

Назари худро бинависед