Доварони бозиҳои даври дуюми чемпионат таъин шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони бозиҳои даври дуюми чемпионат таъин шуданд

Федератсияи футболи Тоҷикистон масулини бозиҳоии даври дуюми чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олиро, ки 12-ум ва 13-уми март баргузор мешаванд, таъин кард.

Ду бозии дари навбатӣ дар Варзишгоҳи шаҳри Ҳисор гузаронида мешаванд. 12-уми март «Барқчӣ» бо «Регар-ТадАЗ» ва 13-уми март «Панҷшер» ва «Ҳосилот» қувва меозмоянд. «Панҷшер» ба сабаби омода набудани варзишгоҳи ба номи Ӯктам Маматов  дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ Варзишгоҳи шаҳри Ҳисорро барои гузаронидани бозии хонагии худ интихоб кардааст.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Даври 2

12 марта (якшанбе)

Оғози бозӣ: 14:00

«Хуҷанд» – «Вахш»

Довар дар майдон: Насрулло Кабиров (Норак).

Ёварони довар: Исмоил Нуралиев (Норак), Абдурашид Муродов (Турсунзода).

Довари эҳтиётӣ: Мурод Қурбонов (Худҷанд).

Нозири доварон: Турдибек Кушназаров (Гулистон).

Комиссари бозӣ: Аҳлиддин Юнусов (Хуҷанд).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

 

«Баркчӣ» – «Регар-ТадАЗ»

Довар дар майдон: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Ёварони довар: Ҳасан Каримов (Норак), Ҳамза Шоймардонов (Хуросон).

Довари эҳтиётӣ: Комил Раҳмонов (Ҷайхун).

Нозири доварон: Алишер Урунов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

 

13 март (душанбе)

Оғози бозӣ: 16:00

«Панҷшер» – «Ҳосилот»

Довар дар майдон: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Ёварони довар: Вафо Қараев (Шаҳринав), Рустамбек Хуҷаев (Кабодиён).

Довари эҳтиётӣ: Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа).

Нозири доварон: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа).

Комиссари бозӣ: Азизҷон Достиев (Турсунзода).

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Добавить комментарий