Доварон аз Тоҷикистон бозиҳои даври навбатии дивизиони якуми Арабистони Саудиро хизматрасонӣ карданд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварон аз Тоҷикистон бозиҳои даври навбатии дивизиони якуми Арабистони Саудиро хизматрасонӣ карданд

Чор тан доварон аз Тоҷикистон, ки шомили рӯйхати доварони баргузидаи Конфедератсияи футболи Осиё мебошанд, фаъолияташонро дар Лигаи шоҳзода Муҳаммад бин Салмон – дивизиони якуми Арабистони Саудӣ бомуваффақият идома дода истодаанд.

Дар даври 21-уми дивизиони якуми Арабистони Саудӣ ҳайати доварон аз Тоҷикистон бо сардории рефери ФИФА – Сайёдҷон Зайниддинови душанбегӣ бозӣ байни дастаҳои «Ал-Халиҷ» (Сайҳат) – «Ал-Ноҷум» (Ал-Хаса)-ро хизматрасонӣ намуд. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Зайниддиновро дар ин бозӣ дар канори майдон рефери ФИФА Акмал Буриев аз Турсунзода ва  Хусрави Сиддиқзод аз Душанбе кӯмак намуданд. Вазифаи довари захираро рефери ФИФА Насрулло Кабиров аз Норак иҷро намуд.

Ба ғайр аз ин, Насрулло Кабиров бозӣ байни дастаҳои «Ал-Туҳбаҳ» – «Ал-Адалҳ» – 1:2-ро доварӣ намуд. Ӯро Сайёдҷон Зайниддинов ба сифати довари чаҳорум ёрӣ дод.

Ёдрас мешавем, ки доварони Тоҷикистон то охири моҳи март бозиҳои Лигаи шоҳзода Муҳаммад бин Салмон – дивизиони якуми Арабистони Саудиро хизматрасонӣ намуда, сипас барои супоридани фитнес-тести пеш аз оғози 30-юмин қаҳрамонии ҷашнии Тоҷикистон ба ватан бармегарданд.

Назари худро бинависед