ҶДММ «Ғаюр» сарпарасти клуби футболи «Вахш» шуд – Федерация Футбола Таджикистана

ҶДММ «Ғаюр» сарпарасти клуби футболи «Вахш» шуд

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ғаюр” клуби футболи “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро, ки айни замон дар ҳолати мушкили молиявӣ қарор дорад, дастгириву сарпарастӣ хоҳад кард. Вазифаи директори генералии ҶДММ “Ғаюр”-ро Акбар Ғуломов бар ӯҳда дорад. Акбар Ғуломов писари собиқ ноиби аввали сарвазири Тоҷикистон, марҳум Асадулло Ғуломов мебошад.

Дар ин бора ба торнамои расмии Федератсияи футболи кишвар, раиси клуб Исроил Шарипов хабар дода, аз ҷумла чунин гуфт: «Мо барои кӯмак ва дастгирияшон ба ҶДММ «Ғаюр» ва директори генералии он Акбар Асадуллоевич  Ғуломов сипосгузории самимонаи худро баён менемоем.  Боварӣ дорем, ки ҳамкории байни ҶДММ “Ғаюр” ва КФ “Вахш” ба дастаи мо имконият медиҳад, ки дар мавсими имсола натиҷаҳои баландтарро соҳиб гардад».

Дар доираи ҳамкорӣ бо ҶДММ “Ғаюр” логотипи ширкат дар либосҳои футболбозони “Вахш” ҳакокӣ мешавад. Қайд мекунем, ки солҳои охир дастаи “Вахш”, ки таърихи бою ғанӣ дорад ба мушкилоти  ҷиддии молиявӣ дучор шуд. Дар давраи Соҳибистиқлолии кишвар, клуби футболи шаҳри Қӯрғонтеппа се маротиба – солҳои 1997, 2005 ва 2009 унвони чемпиони Тоҷикстонро соҳиб шудаст. Гузашта аз ин, шумораи зиёди дастпарварони мактаби футболи “Вахш” дар ҳайати дастаҳои мунтахаб ва тими миллии Тоҷикистон, шарафи футболи кишварро дар арсаи байналмилалӣ бомуваффақият ҳифз менамоянд.

11121113

Добавить комментарий