Давронҷон Эргашев шартномаашро бо «Тараз»-и Қазоқистон тамдид кард – Федерация Футбола Таджикистана

Давронҷон Эргашев шартномаашро бо «Тараз»-и Қазоқистон тамдид кард

Муҳофизатгари мунтахаби миллии Тоҷикистон Давронҷон Эргашев бо клуби футболи «Тараз»-и Қазоқистон шартномаи навро ба тасвиб расонд.

Футболбози 28-солаи тоҷикро дар Қазоқистон аз рӯи баромадаш дар дастаҳои «Тараз» ва «Жетису» хуб мешиносанд. Эргашев дар премер-лигаи ин кишвар 72 бозӣ гузаронида 2 гол задаст.

Акнун Давронҷон дар ҳайати «Тараз» дар лигаи якуми Қазоқистон карераи бозикунияшро идома медиҳад.

Шартномаи футболбози тоҷик бо клуби футболи «Тараз» то охири мавсими футболи имсола эътибор дорад.

Добавить комментарий