Давраи пешниҳод намудани дархостҳо барои дастаҳои лигаи олӣ 20 март анҷом мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Давраи пешниҳод намудани дархостҳо барои дастаҳои лигаи олӣ 20 март анҷом мешавад

Лигаи футболи Тоҷикистон дастаҳои лигаи олиро бохабар сохт, ки давраи гузариши зимистона барои мавсими соли 2021 то 20 март тамдид карда шуд.

Давраи якуми бақайдгирӣ, ки санаи 20-уми март ҷамъбаст мешавад, аз рӯи тартиби CLAS (Club Licensing Administration System) сурат мегирад.

Илова бар рӯйхати дархостҳо, клубҳо бояд тамоми меъёрҳои муқаррароти иҷозатномадиҳиро иҷро кунанд.  Талаботҳои мазкур, талаботҳои ҳатмии варзишӣ, зерзохторӣ, кадрӣ, меъёрҳои маъмурӣ, ҳуқуқӣ ва молиявӣ мебошанд. Ин талаботҳо  барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои Конфедератсияи футболи Осиё барои соли 2022 пешбинӣ шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки қаҳрамонии ҷашнии Тоҷикистон бо иштироки даҳ даста санаи 3-юми апрел шурӯъ мегардад.

Назари худро бинависед