Давлатманд Исломов комиссари бозии финалии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 таъин шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Давлатманд Исломов комиссари бозии финалии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 таъин шуд

Котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов ба ҳайси комиссар дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 таъин шуд.

Дар бозии финалии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 дастаҳои “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ ва «Пхохан Стилерс»-и куриёи Ҷанубӣ вомехӯранд. Ин бозӣ рӯзи 23 ноябр, дар Варзишгоҳи Шоҳ Фаҳд дар Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор хоҳад шуд.

Илова бар ин, Давлатманд Исломов ба сифати комиссар дар бозии марҳилаи сеюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “А” байни тимҳои миллии Ироқ ва Сурия кор хоҳад кард. Ин вохӯрӣ пагоҳ, 11-уми ноябр, дар шаҳри Доҳаи Қатар барпо мешавад.

Назари худро бинависед