Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми ЛФТ-2021 иштирок мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми ЛФТ-2021 иштирок мекунад

Дастаи мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон  (U-17) таркиби иштироккунандагони Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ)-ро, ки аз 9-ум то 19-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор мешавад, пурра кард.

Дар мусобиқаи пеш аз мавсим, ки дар майдонҳои осоишгоҳи “Баҳористон” ва Маркази таълимии Бонки миллӣ барпо мегардад, ба ғайр аз мунтахаби наврасони кишвар, ҳашт бошгоҳи лигаи олӣ – КМВА, “Душанбе-83” (ҳар ду аз Душанбе), “Эсхата” (Хуҷанд), “Истаравшан” (Истаравшан), “Кӯктош” (Рӯдакӣ), “Хатлон” (Бохтар), “Равшан” (Кӯлоб), «Файзканд» (Восеъ), инчунин ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд ширкат меварзанд. Ҳайатҳои асосии қаҳрамон ва ноиби қаҳрамони Тоҷикистон ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Туркия мегузаронанд.
Ин мусобиқа, ки бори севум доир мегардад, бо мақсади омодагии бошгоҳҳои лигаи олии кишвар ба мавсими нави футбол сурат мегирад. Ҳамаи хароҷоти бошгоҳҳои футбол дар ин мусобиқа аз ҷониби Федератсияи футбол ва Лигаи футболи Тоҷикистон пардохт мешавад.
Бояд гуфт, ки мусобиқа барои Ҷоми ЛФТ аз соли 2019 баргузор мешавад. Аввалин барандаи ҷом дастаи КМВА-и Душанбе мебошад. Соли гузашта Ҷоми ЛФТ насиби дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан шуда буд.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар Ҷоми ЛФТ-2021:

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз Академияи футболи ФФТ);

Ҳимоятгарон: Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло, Рузимуҳаммад Абдураҳмонов, Қурбоналӣ Муродов, Нурсултон Норбойзода (ҳама аз Академияи футболи ФФТ);

Нимҳимоятгарон: Алиҷони Айнӣ, Хусрав Тоиров, Муҷовид Шовайсуддинов, Меҳрубон Каримов, Кабир Салимшоев, Абдулло Шарипов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ), Ҳамзаҷон Аҳтамов («Барқчӣ»), Муиб Саидов («Хуҷанд»);

Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Асадбек Ҷурабекзода, Хуршед Давлатзода, Суннатулло Азизов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ).

Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.

Назари худро бинависед