Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо дастаҳои Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо дастаҳои Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон бозӣ мекунад

Тибқи натоиҷи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «H» бозӣ мекунад.

Рақибони дастаи мо мунтахабҳои Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон хоҳанд буд. Бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи «Н» аз 5 то 9 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Дар маҷмуъ, аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ даҳ гурӯҳ ташкил карда шуд. Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё байни наврасон, ки аз 3 то 20 майи соли 2023 дар Баҳрайн баргузор мешавад, ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дувумро мегиранд, ширкат хоҳанд кард.

 

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола:

Гурӯҳи «А»: Ҷопон, Урдун (мизбон), Сурия, Филиппин, Туркманистон.

Гурӯҳи «В»: Индонезия (мизбон), Малайзия, Фаластин, Гуам, АМА.

Гурӯҳи «C»: Уммон (мизбон), Ироқ, Қатар, Лубнон, Баҳрайн.

Гурӯҳи «D»: Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ (мизбон), Мянмар, Малдив, Кувайт.

Гурӯҳи «Е»: Яман, Бангладеш (мизбон), Сингапур, Бутан.

Гурӯҳи «F»: Тайланд, Ветнам (мизбон), Тайбейи Чин, Непал.

Гурӯҳи «G»: Австралия (мизбон), Чин, Камбоҷа, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ.

Гурӯҳи «Н»: ТОҶИКИСТОН (мизбон), Афғонистон, Тимори Шарқӣ, Муғулистон.

Гурӯҳи «I»: Эрон, Ҳонконг, Қирғизистон (мизбон), Лаос.

Гурӯҳи «J»: Кореяи Ҷанубӣ, Бруней, Ӯзбекистон (мизбон), Шри-Ланка.

 

Назари худро бинависед