Дастаи футболи гимназияи Хуҷанд ғолиби мусобиқаи «Тӯби чармин» шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи футболи гимназияи Хуҷанд ғолиби мусобиқаи «Тӯби чармин» шуд

Дар Душанбе марҳилаи ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти мукофоти Клуби «Тӯби чармин» байни наврасони солҳои таваллудашон 1999-2000 ҷамъбаст шуд.

Марҳилаи ниҳоии мусобиқа аз 14 то 18 ноябр дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар мусобиқа ҳашт даста аз шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Ҳисор, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Фархору Файзобод иштирок намуданд. Дар марҳилапи гурӯҳӣ дастаҳо ба ду квартети чордастагӣ ҷудо карда шуданд. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як қисм баргузор гардид ва аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфтанд.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм дастаҳои футболи хонандагони мактаби № 1-и шаҳри Душанбе ва дастаи футболи шаҳри Панҷакент рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби 4 бар 2 ба фоидаи футболбозони навраси пойтахти мамлакат анҷом ёфт.

Дар бозии ниҳоӣ дастаи футболи гимназияи № 4-и Хуҷанд бар дастаи хонандагони муассисаи таълимии умумии № 12-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз гардида, ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявии «Тӯби чармин» байни наврасони солҳи тавалудашон 1999-2000 шуд.

Ба ин тартиб, ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти мукофоти Клуби «Тӯби чармин» дар се сину сол намояндагони вилояти Суғд гардиданд. Қаблан, дар ин мусобиқа дастаҳои футболи МИИ Истаравшан байни дастаҳои футболи кӯдакони солҳои таваллудашон 2003-2004 ва 2001-2002  унвони чемпиониро ба даст дарвоварданд.

Добавить комментарий