Дар Гулистон курси мураббигии муҷаввизи «С» идома дорад – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Гулистон курси мураббигии муҷаввизи «С» идома дорад

Мутобиқи нақшаи кори Федератсияи футболи Тоҷикистон дар маҷмааи солимгардонии “Шоҳин”, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд курсҳои мураббигӣ барои соҳиб шудан ба муҷаввизи “С” идома доранд.

Курси мазкур аз ҷониби дастурдиҳандаи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Боир Игамбердиев роҳбарӣ мешавад. Ӯро мураббии дастаи мунтахаби миллии кишвар Фаррух Марофиев кӯмак мекунад.

Дар курси мазкур барои соҳиб шудан ба муҷаввизи мураббигии “С” 24 шунаванда, аз ҷумла Валиҷон Валиев, Муҳсинҷон Гулов, Мансур Ҳакимов, Сорбон Фозилзода, Юсуф Сафаров, Шавкат Насруллоев, Фарзона Раупова, Бузургмеҳр Гулов, Ёрбой Холмирзоев, Нилуфар Файзиева, Парвиз Раҳматов, Абдумалик Ғаффоров, Шероз Ҷӯраев, Сӯҳробшо Охунов, Нигорахон Қурбонова, Рустамҷон Юсупов, Шаҳзод Нурматов, Маъуф Қобилов, Ҳабибҷон Баротов, Абдурасул Қаюмов, Азамат Эргашев, Умедулло Шарипов, Акмал Бӯриев ва Фирӯз Қараев фаро гирифта шуданд.

Барномаи курси мураббиён аз машғулиятҳои амаливу назариявӣ ибора аст. Дар анҷоми курс шунавандагон имтиҳон месупоранд ва шахсони имтиҳонҳоро бомувафффақият супорида, соҳиби иҷозатномаи мураббигии дараҷаи “С” мешаванд.

Назари худро бинависед