Дар Душанбе курси таълимӣ барои мураббиёни дастаҳои кӯдаконаи футболи оммавӣ шурӯъ шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе курси таълимӣ барои мураббиёни дастаҳои кӯдаконаи футболи оммавӣ шурӯъ шуд

Бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Ватан” курси таълимӣ барои мураббиёни дастаҳои кӯдаконаи футболи оммавӣ шурӯъ шуд.

Курси мазкур аз ҷониби дастурдиҳандаи ФИФА ва КФО, собиқ сармураббии тими миллии Тоҷикистон Усмон Тошев аз Ҷумҳурии Узбекистон роҳбарӣ мешавад.

Дар маросими ифтитоҳи курс директори лигаи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков иштирок намуда, шунавандагонро гарму ҷӯшон хайрамақдам гуфт. Мавсуф, инчунин ба иштирокчиён дар давоми таълим кори бобарор таманно намуд.

Дар тӯли чаҳор рӯз 30 мураббии кӯдакон аз тамоми манотиқи Тоҷикистон дар мавзӯи “Хусусиятҳои раванди таълим барои кӯдакони аз 6 то 12 сола” дарсҳои амалӣ ва назариявӣ мегиранд.

Иштирокчиёни курс инҳо мебошанд: Дилшод Восиев, Иброҳим Рабимов, Фарҳод Холбеков, Муллораҷаб Мирзоев, Ҷаъфар Ахмедов, Фаридун Усмонов, Алишер Тоғоев, Азамат Шодиев, Беҳзод Шодиев, Миршариф Камолов, Акбар Тураҷонзода, Меҳрубон Тиллоев, Умед Исрофилов, Абдулло Соқиев, Ҷаҳонгир Ҷабборов, Раҷабалӣ Сафаров, Парвиз Сайфуллоев, Алӣ Бобоёрзода, Иззат Исоқов, Камол Ортиқов, Илҳом Хайматов, Собир Болтаев, Мирзо Атоев, Муҳриддин Рустамов, Рустам Юсупов, Музаффар Бобоҷонов, Камол Ҳайдаров, Алишер Абдуқаҳҳоров, Сураҷ Каримов ва Аброр Ҳакимбеков.

Назари худро бинависед