Дар Душанбе чемпионати CAFA оид ба футзал миёни мунтахабҳои бонувон баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе чемпионати CAFA оид ба футзал миёни мунтахабҳои бонувон баргузор мешавад

Рӯзи 20-уми январ дар Душанбе нишасти матбуотӣ ҷиҳати баргузории чемпионати футзали Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби занона доир шуд.

Дар нишасти мазкур  ба саволҳои хабарнигорон сармураббиёни дастаҳои мунтахаби ширкаткунандаи ин мусобиқа – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон – посух доданд.

Тибқи нақша, мусобиқаи мазкур таҳти сарпарастии Созмони футболи Осиёи Марказӣ аз 21-ум то 28-уми январ дар Маҷмааи универсалии варзишии Душанбе доир мегардад.

Мусобиқаи аз рӯи системи даврӣ дар ду давра баргузор шуда, дар он ҳар даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳо муайян мешавад.

 

Чемпионати футзали CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона

Даври 1-ум

21 январ (ҷумъа)

15:00 – Узбекистон – Эрон

18:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон

 

Даври 2-юм

22 январ (шанбе)

15:00 – Қирғизистон – Узбекистон

18:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 3-юм

24 январ (душанбе)

15:00 – Қирғизистон – Эрон

18:00 – ТОҶИКИСТОН – Узбекистон

 

Даври 4-ум

25 январ (сешанбе)

15:00 – Эрон – Қирғизистон

18:00 – Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 5-ум

27 январ (панҷшанбе)

15:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

18:00 – Эрон – Узбекистон

 

Даври 6-ум

28 январ (ҷумъа)

15:00 – Узбекистон – Қирғизистон

18:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

Назари худро бинависед