Дар бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Федератсия-2021 «Истиқлол» бо «Регар-ТадАЗ» ва «Хатлон» бо «Равшан» бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Дар бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Федератсия-2021 «Истиқлол» бо «Регар-ТадАЗ» ва «Хатлон» бо «Равшан» бозӣ мекунад

Ҷуфтҳои бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 маълум шуданд.

Имрӯз, 15 феврал, бозиҳои гурӯҳии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсия-2021 ҷамъбаст шуд. Дар гурӯҳи “А” ҷои якумро “Истиқлол” ишғол намуд. Дар бозии даври ҷамъбастӣ “Истиқлол” ба дарвозаи “равшан” чор голи беҷавоб зад.

“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода чорумин дастаи иштирокчии марҳилаи ниманиҳоии мусобиқа шуд. Металургчиён дар бозии ҷамъбастии гурӯҳи “Б” бо ҳисоби 2 бар 1 дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисорро мағлуб намуданд.

Ба ин тартиб, дар бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Федератсия-2021, ки рӯзи чоршанбеи 17-уми феврал баргузор мешаванд, “Истиклол” бо “Регар-ТадАЗ” ва “Хатлон” бо “Равшан” рақобат хоҳанд кард.

 

Ҷоми ФФТ-2021

Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А». Даври 3-юм

«Мастчоҳ» – КМВА – 2:3

Голҳо: Салоҳиддин Одиназода, 28 (1:0). Муҳсин Рустамзода, 50 (2:0). Шодибек Ғаффоров, 61 (2:1). Ҷонибек Шарипов, 90 (2:2). Комрони Мирзохон, 90+2 (2:3).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ҷонибек Шарипов (КМВА).

 

РавшанИстиқлол – 0:4

Голҳо: Салам Ашурмамадов, 64 (0:1). Алишер Ҷалилов, 67 (0:2). Салам Ашурмамадов, 75 (0:3). Рустам Соиров, 90+2 (0:4).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Салам Ашурмамадов («Истиқлол»).

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 3 3 0 0 12-1 9
2 «Равшан» (Кӯлоб) 3 2 0 1 7-7 6
3 КМВА (Душанбе) 3 1 0 2 4-6 3
4 «Мастчох» (Мастчох) 3 0 0 3 5-14 0

 

Гурӯҳи “Б. Даври 3-юм

Барқчӣ”Регар-ТадАЗ – 1:2

Голҳо: Ҳикматулло Расулов, 26 (0:1). Ҳикматулло Расулов, 38 (0:2). Абдулло Шарипов, 82 (1:2).

Беҳтрин бозигари вохӯрӣ: Ҳикматулло Расулов («Регар-ТадАЗ»).

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Хатлон» (Бохтар) 2 2 0 0 6-0 6
2 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2 1 0 1 2-2 3
3 «Барқчӣ» (Ҳисор) 2 0 0 2 1-7 0

 

Бозиҳои ниманиҳоӣ

17 феврал (чоршанбе)

11:00 – «Хатлон» – «Равшан». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – «Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Назари худро бинависед