Далерҷон Баротов беҳтарин бозигари вохӯрии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 – Федерация Футбола Таджикистана

Далерҷон Баротов беҳтарин бозигари вохӯрии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021

Дарвозабони дастаи “Хуҷанд” Далерҷон Баротов беҳтарин бозигари вохӯрии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 дониста шуд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ба Далерҷон Баротов баргаи мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ тақдим шуд. Ҷоизаро ба соҳибаш директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов тақдим намуд.

Илова бар ин, сарпарасти унвонии Ҷоми Тоҷикистон, ширкати байналмилалии букмекерии «Париматч» аз рӯи тафсири худ беҳтарин бозигари даври финалиро муайян кард. «Париматч» ба дарвозабони «Истиқлол»-и Душанбе Шоҳрух Қирғизбоев ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ тақдим кард.

Қобили зикр аст, ки дар бозии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 «Хуҷанд» ба шарофати голҳои задаи Ҳоҷибой Зиёев ва легионери рус Артём Сердюк «Истиқлол»-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 мағлуб сохта, ғолиби панҷкаратаи Ҷоми миллӣ шуд.

Назари худро бинависед