«Continental Futsal Championship 2021»: бохти мунтахаби футзали Тоҷикистон аз Миср – Федерация Футбола Таджикистана

«Continental Futsal Championship 2021»: бохти мунтахаби футзали Тоҷикистон аз Миср

Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Бангкок бозии аввали худро гузаронд.

Дар даври ифтитоҳии мусобиқа футзалбозони мо дар гурӯҳи “В” муқобили мунтахаби футзали Миср рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби минималии 1 ба 0 ба нафъи мисриён анҷом ёфт. Дар бозии дигари ин гурӯҳ мунтахаби футзали Эрон ба дарвозаи футзалбозони Литва 5 голи беҷавоб зад.

Дар гурӯҳи «А» мунтахаби футзали Узбекистон бо ҳисоби 6-3 ба мунтахаби футзали Косово дастболо шуда, мунтахаби футзали Тайланд тими футзали Мозамбикро бо ҳисоби 6-4 мағлуб намуд.

Бозиҳои даври дуюми мусобиқа рӯзи душанбеи 26-уми июл баргузор мешаванд. Дар ин рӯз мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо қаҳрамони бисёркаратаи Осиё-мунтахаби Эрон рақобат мекунад. Ин вохӯрӣ соати 10:45 ба вақти душанбе оғоз мешавад.

Ёдрас мешавем, ки тибқи муқаррароти мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» пас аз натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ду даста ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбад. Дастаҳое, ки ба нимфинал роҳ пайдо намекунанд, дар бозиҳои тасаллобахш барои ҷойҳои 5-8-ум мубориза мебаранд.

 

Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Бангкок

Гурӯҳи «В». Даври 1-ум

Миср – Тоҷикистон – 1:0

Эрон – Литва – 5:0

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Эрон 1 1 0 0 5-0 3
2 Миср 1 1 0 0 1-0 3
3 ТОҶИКИСТОН 1 0 0 1 0-1 0
4 Литва 1 0 0 1 0-5 0

 

Даври 2-юм

26 июл (душанбе)

8:30 – Литва – Миср

10:45 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

 

Даври 3-юм

27 июл (сешанбе)

8:30 – ТОҶИКИСТОН – Литва

10:45 – Эрон – Миср

 

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

Узбекистон – Косово – 6:3

Тайланд – Мозамбик – 6:4

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Узбекистон 1 1 0 0 6-3 3
2 Тайланд 1 1 0 0 6-4 3
3 Мозамбик 1 0 0 1 4-6 0
4 Косово 1 0 0 1 3-6 0

 

Назари худро бинависед