«Continental Futsal Championship 2021»: бохти дуюми мунтахаби футзали Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

«Continental Futsal Championship 2021»: бохти дуюми мунтахаби футзали Тоҷикистон

Дар даври дуюми мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар  Бангкок мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо қаҳрамони дувоздаҳкаратаи Осиё – мунтахаби миллии футзали Эрон вохӯрд. Вохӯрӣ пурра бо бартарии миллипӯшони футзали Эрон сурат гирифта, бо ҳисоби 7 ба 0 ба фоидаи онҳо анҷом ёфт.

Дар бозии дигари гурӯҳи “В” Литва бо ҳисоби 4:2 мунтахаби футзали Мисрро мағлуб кард.

Баъд аз ду даври бозиҳо миллипӯшони футзали Эрон бо 6 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи “В” қарор доранд. Дастаҳои Литва ва Миср бо 3 имтиёзӣ, мутаносибан мақомҳои дуюму сеюмро ишғол мекунанд. Миллипӯшони футзали кишвари мо бидуни имтиёз дар зинаи чаҳоруми ҷадвал қарор дорад.  

Дар даври ҷамъбастии мусобиқа, ки пагоҳ, 27-уми июл баргузор мешавад футзалбозони мо бо тими Литва бозӣ мекунанд. Ин бозӣ соати 8:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

 

Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Бангкок

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

Миср – ТОҶИКИСТОН – 1:0

Эрон – Литва – 5:0

 

Даври 2-юм

Литва – Миср – 4:2

ТОҶИКИСТОНЭрон – 0:7

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Эрон 2 2 0 0 12-0 6
2 Литва 2 1 0 1 4-7 3
3 Миср 2 1 0 1 3-4 3
4 ТОҶИКИСТОН 2 0 0 2 0-8 0

 

Дар даври 3-юм вомехӯранд:

27 июл (сешанбе)

8:30 – ТОҶИКИСТОН – Литва

10:45 – Эрон – Миср

Назари худро бинависед