Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон: мавсими нав 4-уми апрел оғоз меёбад – Федерация Футбола Таджикистана

Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон: мавсими нав 4-уми апрел оғоз меёбад

Рӯзи якшанбеи 4-уми маврт Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои футболи Лигаи олӣ бо иштироки даҳ даста оғоз меёбад.

Дар даври якуми чемпионат “Файзканд”-и Восеъ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор КМВА-и Душанберо қабул мекунад. Дар ин рӯз, дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дастаи “Хуҷанд” бо “Душанбе-83” рақобат мекунад.

Рӯзи душанбеи 5-уми апрел бошад, “Эсхата”-и Хуҷанд бо “Хатлон”-и Бохтар қувва меозмояд. Ин бозӣ ҳам дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Бозии дигари даври якум байни дастаҳои “Истаравшан”-и Истаравшан ва “Равшан”-и Кӯлоб рӯзи сешанбеи 5-уми апрел дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор мегардад.

Ёдрас мешавем, ки алоқамандона ба иштироки “Истиқлол”-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 ҳамаи бозиҳои даста дар оғози Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 мавқуф гузошта шуданд ва онҳо баъди бозгашти даста аз Арабистони Саудӣ, дар рӯзҳои захира баргузор хоҳанд шуд.

 

Coca–Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 1-ум

4 апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Файзканд» – КМВА

Ҳисор, варзишгоҳи марказӣ

 

«Хуҷанд» – «Душанбе»

Хуҷанд, варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

 

5 апрел (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

«Эсхата» – «Хатлон»

Хуҷанд, варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

 

6 апрел (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

«Истаравшан» – «Равшан»

Истаравшан, варзишгоҳи марказӣ

Назари худро бинависед