Чемпионати Тоҷикистон-2020: «Истиқлол» мавқеъашро дар ҷадвали мусобиқа мустаҳкам мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати Тоҷикистон-2020: «Истиқлол» мавқеъашро дар ҷадвали мусобиқа мустаҳкам мекунад

Дар бозии марказии даври ҳафтуми чемпионати Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе дар сафар бар “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 3 бар 1 ғалаба кард. Ба голи задаи ниммуҳофизи хуҷандиҳо Санҷар Рисхибоев душанбегиҳо бо се гол ҷавоб доданд. Голҳои “Истиқлол”-ро Манучеҳр Ҷалилов, Алишер Ҷалилов ва Воҳид Оразсахедов заданд.

Дар бозии дигари ин давр дебютани имсолаи лигаи олӣ – “Душанбе-83” дар сафар бар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуд. Голҳои “шаҳриён”-ро легионерҳои ганагӣ Агблей Ҷонс ва Идрис Амину заданд.

Ба ин тартиб, баъди 7 даври мусобиқа дастаи пойтахт бо 19 имтиёз мавқеи пешсафияшро дар ҷадвали мусобиқа мустаҳкамтар намуд. “Хатлон” бо 14 имтиёз дар ҷои дуюм ва “Хуҷанд” бо 13 имтёз дар мақоми сеюм қарор доранд.

Бозиҳои даври навбатии чемпионат рӯзҳои 4 ва 5 июл баргузор мешаванд. Рӯзи шанбеи 4 июл “Файзканд” бо “Истиқлол”, “Локомотив-Помир” бо “Хуҷанд” ва “Душанбе-83” бо “Истаравшан” вомехӯранд. Рӯзи якшанбеи 5 июл бошад, КМВА бо “Регар-ТадАЗ” ва “Хатлон” бо “Кӯктош” бозӣ мекунанд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 7-ум

«Хуҷанд» – «Истиқлол» – 1:3

ГолҳоСанҷар Рихсибоев, 3 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 16 (1:1). Алишер Ҷалилов, 76 (1:2). Воҳид Оразсахедов, 90+2 (1:3).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Маъмур Икрамов, Фирдавс Чақалов, Сироҷ Ҳамроев, Хуршед Бекназаров, Манучеҳр Сафаров, Ойбек Абдуғаффоров, Комрони Мирзонаҷот (Бахтиёр Чориев, 68), Абдулмумин Забиров, Санҷар Рихсибоев (Амирҷон Сафаров, 76), Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Бозоров.

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев, Алексей Ларин, Марко Милич (Ваҳдат Ханонов, 54), Искандар Ҷалилов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Виктор Свежов, Алишер Ҷалилов, Шериддин Бобоев (Рустам Соиров, 46), Манучеҳр Ҷалилов (Воҳид Оразсахедов, 80).

Огоҳонида шудандКомрон Мирзонаҷот, Бахтиёр Чориев, Фирдавс Чақалов («Хуҷанд»), Виктор Свежов, Марко Милич, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).

Аз майдон хориҷ шудМанучеҳр Сафаров («Хуҷанд»), 87 – барои ҷиддӣ вайрон намудани қоидаи бозӣ.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣЭҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»).

СардоварНасрулло Кабиров (Норак).

Нозири доваронАбдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Комиссари бозӣ: Комрон Шодиев (Душанбе).

28 июн. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

 

«Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83» – 1:2

ГолҳоАгблей Ҷонс, 45+1 (0:1). Идрис Амину, 70 (0:2). Изатулло Рӯзиев, 88 – ба дарвозаи дасти худ (1:2).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Беҳрӯз Хайриев, Оятулло Сафаров, Акбар Бобомуродов, Ёқубҷон Ахмедов, Парвиз Бахтиёрзода (Азизбек Далиев, 80), Ҳоҷиакбар Узоқов, Нозим Бобоҷонов, Расул Пайзов, Ҷамолиддин Зардиев (Диловаршо Ғаниев, 46), Шерзод Маҳамадиев, Акбари Шелдари Ораш.

«Душанбе-83» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Далер Имомназаров, Изатулло Рӯзиев, Аъзам Муродов, Алишер Эргашев, Фарҳод Қосимов (Колинс Адухене, 73), Дилшод Расулов, Идрис Амину, Хуршед Абдуллоев (Парвизҷон Ҳомидов, 83), Элчибек Рашидбеков, Агблей Ҷонс (Исмоилҷон Алимардонов, 90+1).

Огоҳонида шудандАкбари Шелдари Ораш, Оятулло Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Далер Имомназаров, Агблей Ҷонс («Душанбе-83»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣИдрис Амину («Душанбе-83»).

СардоварНасим Ҳамидов (Душанбе).

Нозири доваронСафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон).

Комиссари бозӣПӯлод Қодиров (Душанбе).

28 июн. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена».

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 7 6 1 0 34-5 19
2 «Хатлон» (Бохтар) 7 4 2 1 13-10 14
3 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 7 4 1 2 14-10 13
4 «Душанбе-83» (Душанбе) 7 3 1 3 6-12 10
5 «Файзканд» (Восеъ) 7 2 4 1 9-10 10
6 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 7 2 3 2 7-9 9
7 КМВА (Душанбе) 7 2 2 3 8-10 8
8 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 7 2 1 4 11-15 7
9 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 7 1 1 5 7-13 4
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 7 1 0 6 6-21 3

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиклол») – 9 голАлишер Ҷалилов («Истиқлол») – 6 гол, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Парвиз Боқиохқнов («Хатлон»), Илҳом Баротов («Истаравшан») – 5 голӣВоҳид Оразсахедов («Истиқлол»), Худойдод Узоқов («Хатлон»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Шодибек Ғаффоров (КМВА) –  4 голӣДиловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»), Идрис Амину («Душанбе-83») –3 голӣ.

 

Дар даври 8-ум вомехӯранд:

4 июл (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:30

«Файзканд» – «Истиқлол»

«Локомотив-Помир» – «Хуҷанд»

«Душанбе-83» – «Истаравшан»

 

5 июл (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:30

КМВА – «Регар-ТадАЗ»

«Хатлон» – «Кӯктош»

Назари худро бинависед