Чемпионати Тоҷикистон-2020: ду мусовӣ дар оғози даври чордаҳум – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати Тоҷикистон-2020: ду мусовӣ дар оғози даври чордаҳум

Пас аз танаффуси дуҳафтаинаи марбут ба бозии дӯстонаи тими миллии Тоҷикистон бо Узбекистон, имрӯз, 7 сентябр, чемпионати кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ аз сар шурӯъ шуд.

Ҳарду  бозии ифтитоҳии даври чордаҳум мусовӣ анҷом ёфтанд. Дар онҳо “Файзканд” -и Восеъ бо КМВА-и Душанбе ва “Душанбе-83”-и пойтахт бо “Хатлон”-и Бохтар вохӯриҳоро бо ҳисобҳои якхелаи 1 бар 1 анҷом доданд. Дар бозии аввал ба голи задаи  Анвар Муродов мудофиачиён бо зарбаи дақиқи легионери украинӣ Артем Гайдаш посух гуфтанд. Дар бозии “Душанбе-83” ва “Хатлон” бошад соҳибони майдон ба голи задаи ниммуҳофизи бохтарӣ Кароматулло Саидов бо голи задаи легионери ганагӣ Агблей Ҷонс ҷавоб доданд.

Имрӯз, 8 сентябр, ду бозии дигари даври чордаҳум барпо мешавад ва дар онҳо “Хуҷанд” дар майдони худ “Истаравшан”-и Истаравшан ва “Истиқлол” дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ “Регар-ТадАЗ”-ро қабул мекунад.

Бозии ҷамъбастии даври чордаҳум рӯзи ҷумъаи 11 сентябр “Локомотив-Помир” ва “Кӯктош” баргузор мешавад.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 14-ум

«Файзканд» – КМВА – 1:1

Голҳо: Анвар Муродов, 11 (1:0). Артем Гайдаш, 67 (1:1).

«Файзканд» (Восеъ): Иброҳим Исмоилов, Далерҷон Тухтасунов (Самандар Шарипов, 43), Ҷозеф Феумба, Ҳувайдои Гулмурод, Фахриддин Сафарзода, Дилшодҷон Баратов (Вайсиддин Сафаров, 87), Шарафҷон Солеҳов (Ҳоҷиакбар Узоқов, 67), Маҳмадалӣ Содиқов (Азизҷон Зарипов, 87), Саидмухтор Азимов, Авар Муродов, Аббос Икромов (Сайёди Ковусшо, 67).

КМВА (Душанбе): Иван Пономаренко, Алиҷон Кароматуллозода, Бахтиёр Қаландаров, Комрони Мирзохон, Билол Сулаймонов (Қурбонбой Шералиев, 46), Фирӯз Бобиев (Шамсиддин Қосимов, 46), Мунир Давлатбеков (Исломҷон Исломов, 82), Дилшод Восиев (Артем Гайдаш, 46), Нодирбек Ибрагимов, Шервони Мабатшоев (Комрон Иброҳимов, 75), Шодибек Ғаффоров.

Огоҳонида шуданд: Маҳмадалӣ Содиқов, Ҳувайдои Гулмурод, Анвар Муродов («Файзканд»), Шервони Мабатшоев, Алиҷон Кароматуллозода (КМВА).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Нодирбек Ибрагимов (КМВА).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Нозири доварон: Рустам Абдуллоев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Душанбе).

7 сентябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

 

«Душанбе-83» – «Хатлон» – 1:1

Голҳо: Кароматулло Саидов, 64 – аз пеналти (0:1). Агблей Ҷонс, 77 (1:1).

«Душанбе-83» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Аъзам Муродов, Изатулло Рӯзиев, Далер Имомназаров, Фарҳод Қосимов (Люк Менджана Леонель, 90+2), Дилшод Расулов, Колинс Адухене (Хуршед Абдуллоев, 77), Явес Ноя Парфаит (Анӯшервон Наврӯзов, 77), Идрис Амину, Элчибек Рашидбеков, Агблей Ҷонс.

«Хатлон» (Бохтар): Куайе Годсон, Ҳусейн Нурматов, Равшан Азизов, Муҳаммадҷон Насков, Худойдод Узоқов (Сафиоллоҳи Назарзода, 69), Кароматулло Саидов, Сорбон Авғонов (Саидшо Бозоров, 83), Умарҷон Шарипов, Бикатал Тони, Жан Гатен НД, Парвиз Боқиохунов (Сунатулло Исмоилов, 75).

Огоҳонида шуданд: Элчибек Рашидбеков, Агблей Ҷонс, Далер Имомназаров, Назиршо Ризомов («Душанбе-83»), Худойдод Узоқов («Хатлон»).

Аз майдон хориҷ шуд: Жан Гатен НД («Хатлон»), 75 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Агблей Ҷонс («Душанбе-83»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Нозири доварон: Ориф Ҷӯраев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Ҷамшед Исмоилов (Душанбе).

7 сентябр. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 13 12 1 0 51-6 37
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 13 8 2 3 21-15 26
3 «Хатлон» (Бохтар) 14 6 5 3 23-19 23
4 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 13 5 5 3 20-16 20
5 КМВА (Душанбе) 14 5 5 4 21-20 20
6 «Душанбе-83» (Душанбе) 14 4 4 6 16-23 16
7 «Файзканд» (Восеъ) 14 3 6 5 13-24 15
8 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 13 2 3 8 16-31 9
9 «Истаравшан» (Истаравшан) 13 2 3 8 16-31 9
10 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 13 1 4 8 9-21 7

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 13 гол, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 11 голИлҳом Баротов («Истаравшан») – 9 гол, Рустам Соиров («Истиқлол») – 7 гол, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Парвиз Боқиохунов («Хатлон»), Шодибек Ғаффоров (КМВА) – 6 голӣ.

Назари худро бинависед