«CAFA Women’s Cup U-19»: бохти футболбоздухтарони тоҷик дар бозии аввал – Федерация Футбола Таджикистана

«CAFA Women’s Cup U-19»: бохти футболбоздухтарони тоҷик дар бозии аввал

Дар Тошканд, дар варзишгоҳи «Жар», имрӯз, 15-уми октябр, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футболи занона  «CAFA Women’s Cup U-19» байни мунтахабҳои занонаи то синни 19 солаи кишварҳои узви Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ шурӯъ шуд.

Мунтахаби бонувони то сини 19 солаи Тоҷикистон дар бозии даври ифтитоҳӣ аз мунтахаби бонувони Узбекистон бо ҳисоби калони 8 бар 1 шикаст хӯрд. Голи ягонаи мунтахаби бонувони Тоҷикистонро зулайхо Сафарова ба самар расонд.

Имрӯз, инчунин бозӣ байни мунтахабҳои бонувони то сини 19 солаи Эрону Қирғизистон баргузор мешавад. Оғози ин бозӣ соати 14.00 ба нақша гирифта шуда аст.

Пагоҳ, 16 октябр, футболбоздухтарони тоҷик бо ҳамсолонашон аз Эрон ва рӯзи ҷамъбасти мусобиқа 17-уми октябр бошад бо мунтахаби бонувони зери 19 солаи Қирғизистон рақобат мекунад.

Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи «CAFA Women’s Cup U-19»  барои мунтахаби бонувони то сини 19 солаи Тоҷикистон марҳалаи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2017 арзёбӣ мешавад. Дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2017 байни мунтахабҳои занонаи то синни 19 сола, ки аз 27 то 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад, футболбоздухтарони тоҷик бо Узбекистон (27 октябр), Тайбэи Чин (29 октябр) ва Ҳонконг (31 октябр) вомехӯранд.

 

CAFA Women’s Cup U-19

Даври 1-ум

15 октябр (шанбе)

ТОҶИКИСТОНУзбекистон – 1:8

Гол Тоҷикистон: Зулайхо Сафарова.

14:00 – Эрон – Қирғизистон

 

Даври 2-юм

16 октябр (якшанбе)

11:00  ТОҶИКИСТОН – Эрон

14:00  Узбекистон – Қирғизистон

 

Даври 3-юм

17 октябр (душанбе)

11:00  Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

15:00 – Эрон – Узбекистон

Добавить комментарий