Бозии марказии даври понздаҳумро Хуршед Дадобоев ҳакамӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии марказии даври понздаҳумро Хуршед Дадобоев ҳакамӣ мекунад

Доварону нозирони хизматрасони бозиҳои даври понздаҳуми чемпионати футболи Тоҷикистон таъин шуданд. Бозии марказии даврро миёни “Хатлон”-и Бохтар ва “Истиқлол”-и Душанбе Хуршед Дадобоеви хуҷандӣ хизматрасонӣ мекунад. Ин бозӣ рӯзи якшанбеи 15 август, соати 20:30 дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

 

Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 15-ум

14 август (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:30

«Хуҷанд» – «Равшан»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ёварон: Исмоил Нуралиев (Норак), Фарҳод Куралов (Душанбе).

Довари захира: Рустам Нурматов (Душанбе).

Нозири доварон: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Комиссари бозӣ: Алишер Парпиев (Бохтар).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

 

Оғози бозӣ – соати 17:30

«Файзканд» – «Истаравшан»

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

Ёварон: Рустамбек Хуҷаев (Қабодиён), Ҳамза Шоймардонов (Хуросон).

Довари захира: Қурбонмурод Шарипов (Ҳисор).

Нозири доварон: Турдибек Қушназаров (Гулистон).

Комиссари бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

 

15 август (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:30

«Эсхата» – «Кӯктош»

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Ёварон: Холмурод Абдусаломов (Шаҳринав), Ғайрат Рӯзибоев (Шаҳринав).

Довари захира: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Насриддин Азизов (Қабодиён).

Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Душанбе).

Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак»

 

«Душанбе» – КМВА

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

Ёварон: Акмал Буриев (Турсунзода), Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Довари захира: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири доварон: Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон).

Комиссари бозӣ: Ҷамшед Исмоилов (Душанбе).

Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

 

Оғози бозӣ – соати 20:30

«Хатлон» – «Истиқлол»

СардоварХуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Ёварони сардовар: Наимҷон Мансуров (Бобоҷон Ғафуров), Сорбон Аҳмадзода (Кӯлоб).

Довари захира: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб).

Нозири доварон: Рустам Абдуллоев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Субҳон Шодиев (Душанбе).

Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Назари худро бинависед