Бозии байни «Дордой» – «Ҳосилот»-ро доварон аз Чин ҳакамӣ мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии байни «Дордой» – «Ҳосилот»-ро доварон аз Чин ҳакамӣ мекунанд

Ҳайати доварони хизматрасони бозии якуми плей-оффи Ҷоми КФО-2017 байни «Дордой» (Қирғизистон) ва «Ҳосилот» (Тоҷикистон) маълум шуданд.

Вохӯрии мазкурро бригадаи доварон аз Чин бо сардории рефери  35 солаи ФИФА Ванг Ди ҳакамӣ мекунанд. Ванг Диро дар канори майдон ҳамватанонаш ёварони рефери ФИФА Сян Шии 36 сола ва Чжан Чени 29 сола кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро рефери 25 солаи ФИФА Муҳамад Аҳмад Рауф аз Покистон ба зима дорад. Нозири доварони ин вохӯрӣ Авни Абдул Карим Саид Ҳассоунеҳ аз Урдун ва комиссари бозӣ Анварул Хук аз Бангладеш таъин шуданд.

Ёдрас мешавем, ки бозии якум миёни ин дастаҳо рӯзи 21 феврал дар У шва бозии ҷавобӣ рӯзи 28 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегардад. Ғолиби бозии плей-офф ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 ҳамроҳ шуда, дар гурӯҳи «D» бо чемпионҳои се кишвар – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Алтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон) ҳамроҳешавад.

Добавить комментарий