«Барномаи махсуси президенти ФФТ оиди рушди футболи деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» тасдиқ шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Барномаи махсуси президенти ФФТ оиди рушди футболи деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» тасдиқ шуд

Аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон “Барномаи махсуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024”, инчунин нақшаи амалисозӣ ва ҳайати кумитаи тадорукотии амалисозии Барнома тасдиқ шуд.

“Барномаи махсуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон оиди рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” аз ҷониби департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо раёсати варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” ва “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021” таҳия гардида, дурнамои рушди футболро дар деҳоти кишвар барои чор соли оянда муайян менамояд.

Ҳадафҳои асосӣ аз роҳандозии Барнома тақвият бахшидан ба пешрафти бозии футбол дар деҳот, баргузор намудани мусобиқаҳои мухталиф байни дастаҳои футболи деҳот, бозсозӣ ва беҳтар гардонидани сифати майдонҳои футболбозӣ дар деҳот, ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба бозии футбол ва тавассути бозии футбол дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбият намудани наврасону ҷавонон дар деҳоти кишвар мебошад.

Дар доираи амалигардонии чорабиниҳои Барнома ҳамасола мусобиқаи варзишӣ байни дастаҳои футболи деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар чор марҳила гузаронида мешавад.

Дар мусобиқа шахсони аз 18 то 35 сола иштирок менамоянд. Харҷҳо вобаста ба баргузории марҳилаи якум, дуюм ва сеюми мусобиқа: ҳаққи хизмати доварон, ловозимоти варзишӣ, ҷом, медалҳо, дипломҳо, тӯҳфаҳои хотиравӣ барои ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва сарпарастон пардохт мешавад.

Харҷҳои вобаста ба баргузории марҳилаи ниҳоии мусобиқа аз ҳисоби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешавад. Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаҳои иштирокчии мусобиқаро марҳила ба марҳила бо тӯбҳои футболбозӣ ва дигар лавозимоти варзиши футбол таъмин менамояд.

Тибқи Нақшаи амалисозии Барнома дар соли 2023 таъсис додани Лигаи футболи деҳот дар назар дошта шудааст, ки таъсисёбии он ба пешрафти футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати нав мебахшад.

Назари худро бинависед