Аввалин ҷоизаи «ДИСИ Инвест» дар мавсими нав – Федерация Футбола Таджикистана

Аввалин ҷоизаи «ДИСИ Инвест» дар мавсими нав

Клуби футзали «ДИСИ Инвест» аввалин ҷоизаи худро дар мавсими нави футбол ба даст овард. Чемпиони секаратаи Тоҷикистон аз футзал – «ДИСИ Инвест» дар бозии финалӣ барои Ҷоми Иттиҳоди футзали Тоҷикистон дастаи «Бурҷ Халифа»-ро бо натиҷаи 5:2 мағлуб карда, соҳиби Ҷом гардид.

Ин мусобиқа дар Маҷмааи Кумитаи андози ҷумҳурӣ давоми 10 рӯз идома ёфт  ва дар он 8 даста дар ду гурӯҳ иштирок карданд. Дар гурӯҳи «А» дастаҳои «Формула-55», «Соро компания», «Сино» ва «Бурҷ Халифа», дар гурӯҳи «Б» дастаҳои «Самандар», «Сохтмони кишвар-2012», «ДИСИ Инвест» ва РТСУ барои ду роҳхат ба бозиҳои нимфиналӣ мубориза бурданд.

Дар натиҷа «ДИСИ Инвест» ва «Бурҷ Халифа» ба бозии финалӣ роҳ ёфтанд. Мубориза дар толор бо ҳузури мухлисони сершумор хеле ҳам  тезутунд гузашт. Дар нимаи аввал танҳо як тӯбро Файзалӣ Сатторов аз дастаи «Бурҷ Халифа» ба нишон расонд.

Нимаи дуввум ҳам бо бартарии футболбозони «Бурҷ Халифа» оғоз шуд.  Голи Кирилл Севалов бартарии ин дастаро бештар кард. Аммо чор дақиқа тавонист ин ҳама бартариро ба нестӣ барад ва футболбозони «ДИСИ Инвест» ба дарвозаи ҳарифонашон 5 тӯб ворид карда, соҳиби Ҷоми Иттиҳоди футзали Тоҷикистон гардиданд. Голҳоро аз дастаи ғолиб Умед Қӯзиев (2-то), Дилшод Саломов,  Хуршед Маҳмудов ва Собирҷон Гулаков ба дарвоза заданд.

Дар вохӯрӣ барои ҷои сеюм «Соро компания» бар «Сохтмони Кишвар» бо ҳисоби 7:3 пирӯз гадид ва соҳиби медалҳои биринҷӣ дониста шуд.

Дар расми супоридани медалҳо ва Ҷом, инчунин беҳтарин бозинагрон муайян карда шуданд. Дарвозабони беҳтарин – Мансур Мамадакимов («Бурҷ Халифа»), бозингари беҳтарин – Файзалӣ Сардоров («Бурҷ Халифа») ва нишонзани беҳтарин – Шерзод Ҷумъаев («Сохтмони Кишвар-2012») эълон шуданд.

 

Ҷоми Иттиҳоди футзали Тоҷикистон

Финал

«ДИСИ Инвест» – «Бурҷ Халифа» – 5:2

 

Бозӣ барои ҷои сеюм

«Соро компания» – «Сохтмони Кишвар-2012» – 7:3

Добавить комментарий