Ғалабаи дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бар ҳамсолони худ аз ИМА дар “Ҷоми миллатҳои араб-2021” дар Миср – Федерация Футбола Таджикистана

Ғалабаи дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бар ҳамсолони худ аз ИМА дар “Ҷоми миллатҳои араб-2021” дар Миср

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) зери роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми миллатҳои араб-2021” дар Миср нахустин ғалабаи худро ба даст овард.

Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дар гурӯҳи “В” футболбозони ҷавони мо бар ҳамсолони худ аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 3 бар 2 пирӯз гаштанд. Ҳарсе голи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро Муҳаммадалӣ Азизбоев ба нишон зад.

Дар бозии дигари гурӯҳ мунтахаби ҷавонони Марокко бар Ҷибутӣ бо ҳисоби калони 4 бар 0 дастболо шуд.

Акнун, баъд аз ду даври мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “В” мунтахаби ҷавонони Марокко бо 6 имтиёз пешсаф мебошад. Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо 3 имтиёзӣ, мутаносибан дар зинаҳои дуюму саввум қарор доранд. Ҷибуттӣ бидуни имтиёз дар зинаи чорум аст.

Акнун дар даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 соли Тоҷикистон, рӯзи шанбеи 26-уми июн, бо Ҷибутӣ вомехӯрад. Ин бозӣ соати 22:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Ҳамгӣ дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми миллатҳои араб-2021 дар Миср 16 даста ба 4 гурӯҳ тақсим шуда, бозӣ мекунанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаӣ пешсаф ба бозиҳои плей-офф роҳ меёбад.

Дар сурати ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфтан, дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “А” – Миср, Нигер, Мавритания ва ё Алжир вомехӯрад.

Баргузории бозии ниҳоии Ҷоми миллатҳои араб-2021 рӯзи 6-уми июл ба нақша гирифта шуда аст.

 

Ҷоми миллатҳои араб байни дастаҳои мунтахаб ҷавонони то 20 сола (U-20)

Гурӯҳи «В». Даври 2-юм

ТОҶИКИСТОНИМА – 3:2

Голҳои Тоҷикистонро Муҳаммадалӣ Азизбоев (3) зад.

 

Ҷибутӣ – Марокко – 0:4

 

  Дастаҳо  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Марокко 2 2 0 0 10-1 6
2 ТОҶИКИСТОН 2 1 0 1 4-8 3
3 ИМА 2 1 0 1 10-3 3
4 Ҷибути 2 0 0 2 0-12 0

 

Дар даври 3-юм вомехӯранд:

26 июн (шанбе)

22:00 – Марокко – ИМА

22:00 – Ҷибути – ТОҶИКИСТОН

Эзоҳсоати оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

Назари худро бинависед