Ғалабаи аввалини «Барқчӣ» ва бохти «Ҳосилот» дар даври сеюм – Федерация Футбола Таджикистана

Ғалабаи аввалини «Барқчӣ» ва бохти «Ҳосилот» дар даври сеюм

Рӯзҳои истироҳат даври сеюми чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ ҷамъбаст гардид. Ғайричашмдошт «Барқчӣ» дар Варзишгоҳи шаҳри Ҳисор бар барандаи медалҳои нуқраи мавсими гузашта – «Ҳосилот»-и Фархор бо натиҷаи 2:1 ғалаба кард. Ин аввалин ғалабаи «Барқчӣ» ва аввалин бохти «Ҳосилот» дар мавсими нави футбол мебошад.

«Барқчӣ», ки асоси ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони мамлакатро ташкил медиҳад, бо нишон додани як бозии зебою рангин хотири мухлисонашро шод кард. Агар маҳорати олии дарвозабонҳои ҳар ду даста – Рустам Ризоев («Ҳосилот») ва Беҳрӯз Хайриев («Барқчӣ») намебуд, мухлисон метавонистанд шоҳиди голҳои зиёде гарданд, аммо маҳз бозии хуби онҳо буд, ки натиҷа 2:1 боқи монд.

Хайрулло Азизов, нимҳиоятгари дастаи  «Ҳосилот» тақрибан аз масофаи 30-метр, дар дақиқаи 17-ум бо зарбаи сахту устувор ҳисобро боз кард. Баъд аз 10-дақиқа Шаҳром Самиев, ки аз дастаи «Помир» ба «Барқчӣ» гузаштааст, нахустин голи худро дар бозиҳои Лигаи олӣ ба самар расонида, натиҷаро мусовӣ кард. Дар дақиқаи 81-ум голи Ваҳдат Ҳанонов тавонист ғолибиятро ба дастаи «Барқчӣ» ихтисос диҳад ва ин даста аввалин се холи худро ба даст овард.

Дар Варзишгоҳи марказии пойтахт КМВА «Помир» бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд вохӯриашонро мусовӣ – 0:0 анҷом доданд. Дар дақиқаи 15-ум футболбозони шаҳри Хуҷанд зарбаи пеналтии 11-метраро ба ҳадаф расонида натавонистанд. Дилшод Бозоров тӯбро ба сутуни дарвоза зад.

Чемпиони Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе низ дар ин давр дар майдонаш бо «Регар-ТадАЗ» натиҷаи мусолиҳатомези 0:0-ро ба даст овард.

Дар бозии чоруми даври сеюм дастаи нави Лигаи олӣ – «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ бар намояндаи дигари вилояти Хатлон – «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, соҳиби аввалин ғалаба дар чемпионат гардид. Голи ягонаро дар дақиқаи иловагӣ Сорбон Авғонов (90+3) ба нишон расонид.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи Олӣ. Даври 3

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 0:0

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Дэвид Мавутор (Амирбек Ҷӯрабоев, 46), Артем Барановский, Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷахонгир Алиев (Ҷахонгир Эргашев, 64), Дмитрий Барков (Дилшод Восиев, 46), Манучеҳр Ҷалилов.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Далер Азизов, Алишер Шарифов, Дороб Эргашев, Фирӯз Қараев, Саидхони Амрохон, Расул Файзов, Бахтиёр Чориев, Бахтиёр Қаландаров, Фирӯз Раҳматов (Шерзод Маҳамадиев, 89), Азим Тошев (Комрон Турсунов, 64), Евгений Хотимский (Нӯъмон Зокиров, 73).

Огоҳонида шуданд: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Азим Тошев, Алишер Шарифов, Бахтиёр Чориев, Саидхони Амрохон («Регар-ТадАЗ»).

Бозингари беҳтарин: Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»)

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Нозири доварон: Рахимҷон Шарифов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Душанбе).

18 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

 

«Барқчӣ» – «Ҳосилот» – 2:1

Голҳо: Хайрулло Азизов, 17 (0:1). Шаҳром Самиев, 27 (1:1). Ваҳдат Ханонов, 81 (2:1).

«Барқчӣ» (Ҳисор): Беҳрӯз Хайриев, Ваҳдат Ханонов, Оятулло Сафаров, Манучеҳр Сафаров, Ҳувайдо Малиев, Далер Ёдгоров (Зиёвуддин Фузайлов, 50), Кароматулло Саидов, Муҳсинҷон Парпиев, Амирҷон Сафаров, Шаҳром Самиев (Шериддин Бобоев, 86), Нуриддин Ҳамроқулов.

«Ҳосилот» (Фархор): Рустам Ризоев, Содиқ Мӯсо, Ойбек Абдуғаффоров, Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов, Хайрулло Азизов, Абдурасул Раҳмонов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Акуффо Гершон, Наврӯз Рустамов (Шодибек Ғаффоров, 78), Агблей Ҷонс (Саидалии Сафаралӣ, 46).

Огоҳонида шуданд: Амирҷон Сафаров, Шаҳром Самиев, Мӯҳсинҷон Парпиев, Зиёвуддин Фузайлов («Барқчӣ»), Ойбек Абдуғаффоров, Саидалии Сафаралӣ, Сафаралӣ Каримов («Ҳосилот»).

Бозингари беҳтарин: Ваҳдат Ҳанонов («Барқчӣ»)

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири доварон: Насриддин Азизов (Қубодиён).

Комиссари бозӣ: Сафар Каримов (Норак).

18 март. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.

 

КМВА «Помир» – «Хуҷанд» – 0:0

Пеналтии бенатиҷа: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), 15 – сутуни дарвоза

КМВА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старушенко, Зоир Ҷӯрабоев, Игор Суров, Идибек Ҳабибуллоев, Фурӯғ Қодиров, Шарафҷон Солеҳов, Комрони Мирзонаҷот, Фирдавс Чақалов, Комрони Мирзохон, Мисиам Иносент, Махмадалӣ Содиқов.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Дилшод Додобоев, Манучеҳр Ахмедов, Далерҷон Тӯхтасунов, Соҳибҷон Ҳакимов, Шерзод Абдуллоев, Дилшод Каримов, Эҳсон Бобоев, Руслан Раҳматов, Ҳикматулло Расулов, Даврондҷон Тӯхтасунов, Дилшод Бозоров.

Огоҳонида шуданд: Комрони Мирзохон (ССКА «Помир»), Дилшод Каримов, Далерҷон Тухтасунов («Хуҷанд»).

Бозингари беҳтарин: Дилшод Додобоев («Хуҷанд»)

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

Нозири доварон: Султон Қосимов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Асрор Шораҷабов (Истаравшан).

18 март. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

 

«Вахш» – «Панҷшер» – 0:1

Муаллифи гол: Сорбон Авғонов 90+3.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Баҳовиддин Холиқов, Холмурод Назаров, Парвиз Саидмуродов, Азим Раҳмонов, Хуршед Бекназаров, Умарҷон Шарифов (Валиҷон Зарифов, 44), Худойдод Узоқов, Ҷамолиддин Зардиев, Далер Умаров, Собир Холматов, Сунатулло Холов (Хайриддин Тӯрахонов, 78).

«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ): Сафар Наботов, Равшанҷон Азизов, Алишери Ҳотам, Беҳрӯз Ниёзов, Руслан Тиллоев, Алишер Салимов, Ҳасан Холов, Ҳусейн Умаров (Фирдавс Зайнуллозода, 90+3), Сорбон Авғонов, Фаррух Фузайлов (Шавкат Худойназаров, 49), Абдухалил Боронов.

Огоҳӣ гирифтанд: Холмурод Назаров, Хуршед Бекназаров («Вахш»), Абдухалил Боронов, Сорбон Авғонов, Алишери Ҳотам («Панҷшер»).

Бозингари беҳтарин: Сорбон Авғонов («Панҷшер»)

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Владимир Домулоҷонов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Нуралӣ Хоркашев (Душанбе).

19 март. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Ҳосилот» (Фархор) 3 2 0 1 6-3 6
2 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 3 1 2 0 2-1 5
3 «Истиқлол» (Душанбе) 2 1 1 0 6-0 4
4 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3 1 1 1 3-2 4
5 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 3 1 1 1 2-4 4
6 «Барқчӣ» (Ҳисор) 3 1 0 2 2-8 3
7 КМВА «Помир» (Душанбе) 2 0 2 0 0-0 2
8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 3 0 1 2 0-3 1

Добавить комментарий