Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва Яман интихоб шуд

Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов ҳайати дастаро  барои бозӣ бо дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва Яман интихоб кард. 23-юми март футболбозони кишварамон дар як бозии дӯстона бо тими мунтахаби Баҳрайн дар шаҳри Манама ва 28-уми март дар шаҳри Давҳаи Қатар дар аввалин вохӯрии расмии интихобии Ҷоми Осиё-2019, дар гурӯҳи «F» вориди майдон мешаванд.

Барои тайёрӣ ба ин вохӯриҳо 27 бозингар ба ҳайати даста даъват шудаанд, ки онро 4 дарвозабон, 8 муҳофизатгар 11 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ташкил медиҳанд. Дар ин қатор 7 легионерҳо низ ҳузур доранд, ки инҳо Абдуазиз Маҳкамов (дарвозабон, «Алай»-и Қирғизистон), Давронҷон Эргашев (муҳофизатар, «Тараз»-и Қазоқстон), Искандар Ҷалилов (муҳофизатгар, «Дунав»-и Булғория), Парвизҷон Умарбоев (нимҳимоятгар, «Локомотив»- Пловдив, Булғория), Нозим Бобоҷонов (нимҳимоятгар, КФ «Баҳрайн»-и Бахрайн) ва Умедҷон Шарифов (нимҳимоятгар, «Машъал»-и Ӯзбекистон) мебошанд.

Имрӯзҳо дастаи мунтахаби кишварамон тамринҳои худро пеш аз бозӣ бо дастаҳои Баҳрайн ва Яман дар шаҳри Душанбе идома медиҳад ва 22-юми март тавассути Дубай ба шаҳри Манама мустақиман парвоз мекунад.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Махкамов («Алай», Кирғизистон), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Беҳрӯз Хайриев («Барқчӣ»);

Муҳофизатгарон: Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Искандар Ҷалилов («Дунав», Булғория), Сиёвуш Асроров, Соҳиб Саванқулов, Амирбек Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров (ҳама аз «Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров («Ҳосилот»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория), Нозим Бобоҷонов (СК «Баҳрайн», Баҳрайн), Умедҷон Шарифов («Машъал», Ӯзбекистон), Муҳсинҷон Парпиев («Барқчӣ»), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе, Ҷаҳонгир Алиев, Ромиш Ҷалилов (ҳама аз «Истиқлол»), Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Ҳосилот»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Восиев (ҳама аз «Истиқлол»), Давронҷон Тӯхтасунов («Хуҷанд»).

Сармураббӣ – Ҳаким Фузайлов.

Назари худро бинависед

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *