21 ФЕВРАЛ МАРҲИЛАИ НИҲОИИ ҶОМИ ФЕДЕРАТСИЯ-2020 ШУРУ МЕШАВАД – Федерация Футбола Таджикистана

21 ФЕВРАЛ МАРҲИЛАИ НИҲОИИ ҶОМИ ФЕДЕРАТСИЯ-2020 ШУРУ МЕШАВАД


Warning: Invalid argument supplied for foreach() in /var/www/clients/client383/web831/web/wp-includes/blocks.php on line 494

Рӯзи панҷшанбеи 21 феврал, марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуру мешавад. Барои ҷоиза ҳашт даста мубориза хоҳанд кард.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсия дар гурӯҳи “А” дастаҳои КМВА ВМ ҶТ, «Локомотив-Помир», «Истаравшан» ва «Равшан» бозӣ мекунанд. Ба гурӯҳи “Б” дастаҳои футболи «Кӯктош», «Душанбе-83», «Эсхата» ва «Хатлон» шомиланд. Бозиҳои мусобиқа дар Варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбеву Ҳисор баргузор мешаванд.

Алоқамандона ба баргузории ҷамъомади омӯзишияш дар Туркия барандаи феълии Ҷоми Федератсия, бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар  мусобиқаи имсола ширкат варзида наметавонад. Дар марҳилаи ниҳоӣ ба ҷои “Истиқлол” дастаи футболи “Кӯктош”, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ дар гурӯҳи “А” мақоми сеюмро ишғол карда буд, баромад мекунад.

Ҷоми ФФТ-2020

Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А»: КМВА ВМ ҶТ, «Локомотив-Помир», «Истаравшан», «Равшан».

Гурӯҳи «Б»: «Кӯктош», «Душанбе-83», «Эсхата», «Хатлон».

 

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум

21 феврал (ҷумъа)

11:00 – «Истаравшан» – КМВА ВМ ҶТ. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

11:00 – «Душанбе-83» – «Эсхата». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – «Равшан» – «Локомотив-Помир». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – «Хатлон» – «Куктош». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ 

Даври 2-юм

23 феврал (якшанбе)

11:00 – «Душанбе-83» – «Кӯктош». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – «Хатлон» – «Эсхата». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

 

24 феврал (душанбе)

11:00 – «Истаравшан» – «Локомотив-Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – «Равшан» – КМВА ВМ ҶТ. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

 

Даври 3-юм

25 феврал (сешанбе)

11:00 – «Душанбе-83» – «Хатлон». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – «Кӯктош» – «Эсхата». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

 

26 феврал (чоршанбе)

10:00 – «Истаравшан» – «Равшан». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

13:00 – «Локомотив-Помир» – КМВА ВМ ҶТ. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

 

Бозиҳои ниманиҳоӣ

28 феврал (ҷумъа)

11:00 – бозии ниманиҳоии 1-ум

15:00 – бозии ниманиҳоии 2-юм

 

1 март (якшанбе)

11:00 – Бозӣ барои чои сеюм

15:00 – Бозии ниҳоӣ

Назари худро бинависед