13 декабр рақибони «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АФК-2017 муайян мешаванд – Федерация Футбола Таджикистана

13 декабр рақибони «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АФК-2017 муайян мешаванд

Рақибони чемпиони амалкунандаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АФК-2017 рӯзи 13 декабр маълум хоҳанд шуд.

Дар меҳмонхонаи «Hilton Petaling Jaya» дар Куала-Лумпури Малайзия рӯзҳои 13-14 декабр семинари таълимии Конфедератсияи футболи Осиё баргузор мегардад. Дар семинар намояндагони бошгоҳҳои футболи иштирокчии Ҷоми АФК ва Лигаи чемпионҳои АФК дар мавсими соли 2017 ширкат хоҳанд кард. Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ намояндагони чемпион ва витсе-чемпиони Тоҷикистон, мутаносибан дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор муаррифӣ мекунанд.

Дар доираи барномаҳои семинар рӯзи 13 декабр қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АФК-2017 баргузор мешавад, ки мувофиқи он рақибони чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе маълум хоҳанд шуд.

Ҳаминро қайд мекунем, ки витсе-чемпиони Тоҷикистон «Ҳосилот»-и Фархор баромадашро дар Ҷоми АФК-2017  аз марҳилаи плей-офф оғоз мекунад.

Добавить комментарий