Ҷоми КФО: то анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ ду даври дигар монд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми КФО: то анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ ду даври дигар монд

Рӯзҳои сешанбе ва чоршанбеи ҳафтаи равон бозиҳои даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 доир шуданд, ки натиҷаи онҳо аввалин дастаҳои марҳилаи 1/8 ниҳоии мусобиқаро маълум сохт.

Аз гурӯҳи «D» бо 10 имтиёз «Ал-Ҷайш»-и Сурия ва аз гурӯҳи «G»  бо 12 имтиёз «Саут Чайна»-и Гонконг ба марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми КФО -2015 баромаданд.  Бозиҳои ду даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳӣ рӯзҳои 28-29 апрел ва 12-13 май баргузор мешаванд.

Ёдовар месозем, ки чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар доираи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 бозии навбатии худро рӯзи 29-уми апрел бо «Эрбил»-и Ироқ дар Дохаи Қатар ва бозии даври ҷамъбастиии марҳилаи гурӯҳии мусобиқаро рӯзи 13 май дар майдони худ бо «Аҳал»-и Туркманистон мегузаронанд.  Айни замон дружинаи Мубин Эргашев бо 7 имтиёз дар гурӯҳи «С» зинаи аввалро ишғол мекунад. Барои ба марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми КФО-2015 баромадан, «Истиқлол»-ро дар як бозӣ ғолиб шудан кифоя аст.

 

Ҷоми КФО-2015

Гурӯҳи «С». Даври 4-ум

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Қадсия» (Кувайт) – 2:0

Голҳо: Нуриддин Давронов, 53 – аз пеналти (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 63 (2:0).

«Эрбил» (Ироқ) – «Аҳал» (Туркманистон) – 2:3

Голҳо: Юнис Маҳмуд, 41 (1:0). Зафар Бобоҷонов, 47 (1:1). Юнис Маҳмуд, 65 – аз пеналти (2:1). Мамедали Караданов, 73 (2:2). Мамедали Караданов, 75 (2:3).

    Бозӣ Ғалаба Мусовӣ Бохт Т/Т Имтиёз
1 «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) 4 2 1 1 7-6 7
2 «Ал-Қадсия» (Кувайт) 4 2 1 1 5-4 7
3 «Аҳал» (Туркманистон) 4 2 0 2 6-7 6
4 «Эрбил» (Ироқ) 4 1 0 3 6-7 3

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 5-ум

29 апрел (чоршанбе)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Ал-Қадсия» (Кувайт)

«Эрбил» (Ироқ) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 6-ум

13 май (чоршанбе)

«Ал-Қадсия» (Кувайт) – «Эрбил» (Ироқ)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Аҳал» (Туркманистон)

 

Гурӯҳи «А». Даври 4-ум

«Ал-Наҳда» (Умон) – «Салом Ҷҳарта» (Лубнон) – 4:1

«Ал-Ваҳда» (Сурия) – «Ал-Веҳдат» (Урдун) – 1:1

    Бозӣ Ғалаба Мусовӣ Бохт Т/Т Имтиёз
1 «Ал-Ваҳда» (Сурия) 4 2 1 1 5-3 7
2 «Ал-Веҳдат» (Урдун) 4 2 1 1 9-3 7
3 «Ал-Наҳда» (Умон) 4 2 0 2 7-7 6
4 «Салам Ҷҳарта» (Лубнон) 4 1 0 3 4-12 3

 

Гурӯҳи «В». Даври 4-ум

«Вад Ал-Несс» (Фаластин) – «Ал-Шорта» (Ироқ) – 1:0

«Ал-Ҷазира» (Урдун) – «Ал-Хидд» (Баҳрайн) – 1:0

    Бозӣ Ғалаба Мусовӣ Бохт Т/Т Имтиёз
1 «Ал-Ҷазира» (Урдун) 4 1 3 0 4-3 6
2 «Ал-Шорта» (Ироқ) 4 1 2 1 9-6 5
3 «Вад Ал-Несс» (Фаластин) 4 1 2 1 5-8 5
4 «Ал-Хидд» (Баҳрайн) 4 0 3 1 4-5 3

 

Гурӯҳи «D». Даври 4-ум

«Неҷмаҳ» (Лубнон) – «Риффа» (Баҳрайн) – 1:1

СК «Кувайт» (Кувайт) – «Ал-Ҷайш» (Сурия) – 0:1

    Бозӣ Ғалаба Мусовӣ Бохт Т/Т Имтиёз
1 «Ал-Ҷайш» (Сурия) 4 3 1 0 3-0 10
2 СК «Кувайт» (Кувайт) 4 2 1 1 6-3 7
3 «Риффа» (Баҳрайн) 4 1 1 2 4-5 4
4 «Неҷмаҳ» (Лубнон) 4 0 1 3 3-8 1

 

Группа «Е». Даври 4-ум

«Персипура Джаяпура» (Индонезия) – «Мазия Спортс» (Малдив) – 0:0

«Варриос» (Сингапур) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон) – 0:1

    Бозӣ Ғалаба Мусовӣ Бохт Т/Т Имтиёз
1 «Персипура Джаяпура» (Индонезия) 4 3 1 0 8-3 10
2 «Бенгалуру» (Ҳиндустон) 4 3 0 1 5-4 9
3 «Мазия Спортс» (Малдив) 4 1 1 2 4-4 0
4 «Варриос» (Сингапур) 4 0 0 4 1-7 0

 

Гурӯҳи «F». Даври 4-ум

«Ист Бенгал» (Ҳиндустон) – «Балестиер Халса» (Сингапур) – 3:0

«Джохор Дарул Такзим» (Малайзия) – «Китчи» (Гонконг) – 2:0

    Бозӣ Ғалаба Мусовӣ Бохт Т/Т Имтиёз
1 «Джохор Дарул Такзим» (Малайзия) 4 3 0 1 7-3 9
2 «Китчи» (Гонконг) 4 2 1 1 6-3 7
3 «Ист Бенгал» (Ҳиндустон) 4 1 1 2 6-7 4
4 «Балестиер Халса» (Сингапур) 4 1 0 3 2-8 3

 

Гурӯҳи «G». Даври 4-ум

«Саут Чайна» (Гонконг) – «Паханг» (Малайзия) – 3:1

«Глобал» (Филиппин) – «Яданарбон» (Мянма) – 4:1

    Бозӣ Ғалаба Мусовӣ Бохт Т/Т Имтиёз
1 «Саут Чайна» (Гонконг) 4 4 0 0 13-3 12
2 «Паханг» (Малайзия) 4 1 1 2 4-6 4
3 «Глобал» (Филиппин) 4 1 1 2 5-9 4
4 «Яданарбон» (Мянма) 4 1 0 3 6-10 3

 

Гурӯҳи «H». Даври 4-ум

«Айявади» (Мянма) – «Ню Радиант» (Малдив) – 0:0

«Персиб Бандунг» (Индонезия) – «Лао» (Лаос) – 0:0

    Бозӣ Ғалаба Мусовӣ Бохт Т/Т Имтиёз
1 «Персиб Бандунг» (Индонезия) 4 2 2 0 6-2 8
2 «Айявади» (Мянма) 4 1 3 0 6-3 6
3 «Ню Радиант» (Малдив) 4 1 1 2 3-8 4
4 «Лао» (Лаос) 4 0 2 2 3-5 2

Добавить комментарий