Наврасони Тоҷикистон дар бозиҳои умумиҷаҳонӣ чорум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Наврасони Тоҷикистон дар бозиҳои умумиҷаҳонӣ чорум шуданд

Дастаи наврасони футболи хурди Тоҷикистон дар Бозиҳои якуми умумиҷаҳонии наврасони ҳамватан, ки бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид ҷои чорумро ишғол карданд.

Бозиҳои якуми умумиҷаҳонии наврасони ҳамватан дар Сочи оид ба панҷ навъи варзиш, аз ҷумла футболи хурд баргузор шуд. Он гуна, ки ба торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон сардори шӯъбаи футзали ФФТ Комрон Шодиев хабар доданд, қариб ки ҳамаи аъзоёни дастаи Тоҷикистон хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умуми № 92 шаҳри Душанбе буданд.

Дар сабқати футболи хурд дар Сочи 20 даста иширок карданд. Дар марҳилаи пешакӣ Тоҷикистон бар Украина (2:1), Беларус (3:1) ва Гурҷистон (2:1) ғолиб шуда, аз дастаи Сочи-1 (2:6) мағлуб шуд. Дар марҳилаи 1/4 финалӣ наврасони мо бар дастаи Арманистон (3:0) ғолиб шуда, дар бозии 1/2 ниҳоӣ аз дастаи Абхазия (1:2) мағлуб гардид. Дар бозӣ барои ҷои сеюм бошад, наврасони Тоҷикистон бозиро бо ҳамсолони худ аз Россия бо ҳисоби 0 бар 4 бохтанд.

 

Натиҷаи бозиҳои дастаи футболи хурди наврасони Тоҷикистон:

Марҳилаи гурӯҳӣ

Тоҷикистон – Украина – 2:1
Голҳои Тоҷикистон:
 Ромиз Мирзоев, Шоҳрух Қаюмов.

Сочи-1 – Тоҷикистон – 6:2
Голҳои Тоҷикистон: 
Шоҳрух Қаюмов, Азамати Шӯҳрат

Белорус – Тоҷикистон – 1:3
Голҳои Тоҷикистон:
 Беҳзоди Ҳусейн, Азамати Шӯҳрат (2).

Тоҷикистон – Гурҷистон – 2:1
Голҳои Тоҷикистон:
 Азамати Шӯҳрат, Исмоил Каримов.

1/4 финал

Тоҷикистон – Арманистон – 3:0
Голҳои Тоҷикистон:
 Шоҳрух Қаюмов, Азамати Шӯҳрат.

Нимфинал

Тоҷикистон – Абхазия – 1:2
Голи Тоҷикистон:
 Исмоил Каримов.

Бозӣ барои ҷои 3-юм
Россия – Тоҷикистон – 4:0

Натиҷаи мусобиқа:

1. Сочи-1

2. Абхазия
3. Россия
4. ТОҶИКИСТОН
5. Қирғизистон
6. Арманистон
7. Гретсия
8. Сочи-2
9. Белорус
10. Осетияи Ҷанубӣ
11. Узбекистон
12. Гурҷистон
13. Шветсия
14. Туркманистон
15. Сербия
16. Ирландия
17. Украина
18. Литва
19. Қазоқистон
20. Финляндия

Добавить комментарий