Мубин Эргашев: “Умедвори натиҷаи дилхоҳем” – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев: “Умедвори натиҷаи дилхоҳем”

Сармураббии “Истиқлол” Мубин Эргашев назари худро нисбати бозии 1/8 ниҳоии Ҷоми КФО бо “Ал-Ваҳда”-и Сурия чунин баён намуд:

“Дар марҳилаи плей-офф дастаҳои камқувват нестанд. Бинобар ин худро боло намеҳисобем. Мо бозиҳои рақибамонро тамошо кардем, омӯхтем ва мегӯям, ки дастаи суриягӣ хеле ҷиддӣ ва пурқувват аст. Фикр мекунам, ки фардо бозӣ барои мо осон намешавад. Вале набояд фаромӯш кард, ки “Истиқлол” дастаи  боинтизом ва муттаҳид аст. Инчунин дастгирии мухлисон ба ҷониби мост, зеро мо дар майдони худ бозӣ мекунем. Мо мекӯшем масъаларо дар замони асосӣ ҳал кунем, то ки бозӣ ба силсилаи пеналтӣ нарасад”.

Добавить комментарий