«Истиқлол» боли «Парвоз»-ро шикаст – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» боли «Парвоз»-ро шикаст

Дар доираи бозиҳои даври сеюми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро қабул кард.

Бозӣ аз аввал то охир бо бартарии пурраи футболбозони пойтахт ҷараён гирифт. Натиҷа ҳамин шуд, ки бозигарони пойтахти кишвар ба дарвозаи ҳавонавардони меҳмон ҳашт голи беҷавоб заданд. Ин натиҷаи бузургтарин дар мавсими футболи имсола байни дастаҳои лигаи олӣ мебошад.

Бозиҳои дигари ин давр пагоҳ баргузор мешаванд. «Хайр» дар Истаравшан бо «Далерон-Уротеппа», «Равшан» дар Қӯрғонтеппа бо «Вахш», КМВА «Помир» дар Хуҷанд бо «Хуҷанд» ва «Барқи тоҷик» дар Турсунзода бо «Регар-ТадАз» вомехӯранд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

«ИСТИҚЛОЛ» – «ПАРВОЗ» – 8:0

Голҳо: Дилшод Восиев, 13 (1:0). Бледа Родригес, 29 (2:0). Парвизҷон Умарбоев, 47, (3:0). Ромиш Ҷалилов, 57 (4:0). Манучеҳр Ҷалилов, 62 (5:0). Соҳиб Саванқулов, 75 (6:0). Умедҷон Шарипов, 77 (7:0). Дилшод Восиев, 80 (8:0).

«Истиқлол» (Душанбе):  Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Соҳиб Саванқулов, Эраҷ Раҷабов (Ромиш Ҷалилов, 55), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Зиёвуддин Фузайлов, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Парвизҷон Умарбоев, 46), Бледа Родригес (Умедҷон Шарипов, 46), Манучеҳр Ҷалилов.

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров):  Рамзбек Норбобоев, Умед Одинаев, Шероз Абдуллоев, Фирдавс Ҳоҷиев, Шоҳрух Раҷаматов, Қурбонбек Ҳайдаров, Олим Ҳоҷиматов (Абдумалик Юсупов, 80). Шоҳрух Тошматов, Бахтовар Зокиров (Хуршед Воҳидов, 75), Ғулом Дониёров, Маъруф Марифбоев.

Огоҳонида шуданд: Зиёвуддин Фузайлов («Истиқлол»), Бахтовар Зокиров («Парвоз»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Нуриддин Давронов («Истиқлол»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Курган-Тюбе) – 8 баллов.

Нозири бозӣ: Владимир Домуллоҷонов (Душанбе).

24 апрел. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобинон.

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 3 3 0 0 15-0 9
2 «Хайр» (Ваҳдат) 2 2 0 0 4-1 6
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2 1 1 0 4-3 4
4 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 2 1 1 0 1-0 4
5 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 1 0 1 3-2 3
6 «Равшан» (Кулоб) 2 0 1 1 3-4 1
7 КМВА «Помир» (Душанбе) 2 0 1 1 0-2 1
8 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 1 0 0 1 1-2 0
9 «Барки тоҷик» (Душанбе) 1 0 0 1 0-5 0
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 3 0 0 3 0-12 0

Нишонзанҳо: Бледа РОДРИГЕС  («Истиқлол») – 3 тӯб, Наполеон АНДОХ («Хайр»), Умедҷон ШАРИПОВ, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 2 тӯбӣ.

  • Алиакбар Хаётзода 28.04.2015 at 12:55

    Салом ба кормандони сомонаи ФФТ бозии рузи 2-3-юми май дар кучо мегузарад? ва дармади он ройгон аст? Хохишмандам ба суолхои ман таваччух кунед ва посухи Шуморо интизорам, борори кор мехохам ба хамаи Шумо!

Добавить комментарий