“Истиқлол” – “Ал-Ваҳда”: нишасти хабарии пеш аз бозӣ – Федерация Футбола Таджикистана

“Истиқлол” – “Ал-Ваҳда”: нишасти хабарии пеш аз бозӣ

Ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон!!! Пагоҳ, 25-уми май, дар арафаи бозии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми КФО-2015 байни чемпиони секаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе ва “Ал-Ваҳда”-и Сурия, дар меҳмонхонаи “Шератон” нишасти хабарии пеш аз бозӣ доир мешавад.

Нишасти хабарӣ дар конфронс-толори Фирдавсӣ (ошёнаи 3-юм) баргузор хоҳад шуд. Ба суолҳои рӯзноманигорон сармураббиёни “Истиқлол” ва “Ал-Ваҳда” Мубин Эргашев ва Рафъат Муҳаммад  посух хоҳанд гуфт. Ҳамаи кормандони ВАО- ро барои иштирок дар ин нишасти хабарӣ даъват менамоем. Оғози нишасти хабарӣ соати 11.45. 

Барои маълумоти муфассалтар метавонед бо телефонҳои 911100014, 918667387 (Фаридун Солиев) ва 987351111 (Рустам Ҳакимов) дар тамос шавед.

Добавить комментарий