Футзали Тоҷикистон: “ДИСИ Инвест” пешсафи мусобиқа – Федерация Футбола Таджикистана

Футзали Тоҷикистон: “ДИСИ Инвест” пешсафи мусобиқа

Бозиҳои даври чоруми лигаи касбии футзали Тоҷикистон доир шуданд. Пешсафи ҷадвали лига “ДИСИ Инвест” бар “ТКБ Лизинг” бо ҳисоби 4 бар 2 дастболо гардид. Ин бохти аввалини “ТКБ Лизинг” дар мусобиқаи имсола мебошад. “Соро компания” дар бозии бисёр шавқовару тамошобоб бар “Газпром” бо ҳисоби 5 бар 3 ғолиб омада, “Самандар”-и Турсунзода дар майдони худ ду маротиба (1:3, 0:2) аз “Сипар”-и Хуҷанд мағлуб шуд.

 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 4-ум

«ДИСИ Инвест» – «ТКБ Лизинг» – 4:2

ГолҳоАмин Насруллозода, 7 (1:0). Муҳаммад Раҳмонов, 17 (2:0). Некрӯз Алиаҳмадов, 24 (2:1). Озар Норматзода, 28 (2:2). Амин Насруллозода, 32 (3:2). Арсен Фармонбеков, 35 (4:2).

Аз майдон ронда шуданд: Ҳоҷӣ Носир («ДИСИ Инвест»), 45, Некрӯз Алиаҳмадов («ТКБ Лизинг»), 45.

 

«Самандар» – «Сипар» – 1:3

Голҳо: Андрей Георгиевский, 27 (0:1). Баҳром Ёрматов, 32 (0:2). Умед Кузиев, 40 (0:3). Ашӯрзода, 46 (1:3).

 

«Соро компания» – «Газпром» – 5:3

ГолҳоАлиҷон Ҳабибуллоев, 10 (1:0). Сиёвуш Қаюмов, 12 (2:0). Меҳрубон Тиллозода, 12 (2:1). Алиҷон Ҳабибуллоев, 16 (3:1). Меҳрубон Тиллозода, 30 (3:2). Сиёвуш Қаюмов, 31 (4:2). Соҳиб Раупов, 36 (4:3). Фирӯз Сангов, 48 (5:3).

 

«Самандар» – «Сипар» – 0:2

ГолҳоУмед Мирзораҳимов, Баҳром Ёрматов.

Аз майдон ронда шудШамсуллоев («Самандар»), 41 – барои корти 2-юми зард.

Б Ғ М Б Т/Т И
1 «ДИСИ Инвест» (Душанбе) 4 4 0 0 26-6 12
2 «Сипар» (Хуҷанд) 6 3 0 3 16-14 9
3 «Соро компания» (Душанбе) 4 3 0 1 22-22 9
4 «Газпром» (Душанбе) 4 2 1 1 12-11 7
5 «Бонки миллӣ» (Душанбе) 2 1 0 1 7-6 3
6 «ТКБ Лизинг» (Душанбе) 4 0 3 1 9-11 3
7 «Самандар» (Турсунзода) 5 0 1 4 14-27 1
8 «Формула успеха» (Душанбе) 3 0 1 2 5-14 1

Нишонзанҳо: Фирӯз САНГОВ («Соро компания»), Фирдавс ТУСМАТОВ («Самандар») –  7 тӯбӣ,  Арсен ФАРМОНБЕКОВ («ДИСИ Инвест»), Сиёвуш ҚАЮМОВ («Соро компания») –  5 тӯбӣ.

 

Дар даври панҷум вомехӯранд:

30 май (шанбе)

12.00 – «Газпром» – «Формула успеха». Душанбе, маҷмааи варзишии Кумитаи андоз.

14.00 – «Сипар» – «ДИСИ Инвест». Хуҷанд, маҷмааи варзишии «Қасри варзиш».

16.00 – «ТКБ Лизинг» – «Соро компания». Душанбе, маҷмааи варзишии «Динамо» ВКД РТ.

31 май (якшанбе)

12.00 – «Сипар» – «ДИСИ Инвест». Хуҷанд, маҷмааи варзишии «Қасри варзиш».

13.00 – «Бонки миллӣ» – «Самандар». Душанбе, маҷмааи варзишии Кумитаи андоз.

Добавить комментарий