Фестивали футболи КФО (U-14) ба анҷом расид – Федерация Футбола Таджикистана

Фестивали футболи КФО (U-14) ба анҷом расид

Дар Академияи клуби футболи  “Истиқлол” воқеъ дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳиор бозиҳои ҷамъбастии Фестивали футболии Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) байни дастаҳои мунтахаби наврасони кишварҳои Осоиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ барузор шуданд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони непалии худ муовӣ 2 бар 2 бозӣ кард. Шогирдони Носир Ҳамидов вохӯриро бо ҳисоби 0 бар 2 бохта истода, аз худ матонат нишон доданд ва ба дарвозаи мунтахаби наврасони Непал 2 гол зада, ҳисобро баробар сохтанд.Голҳои наврасони моро Ислом Зоиров ва Шарифбек Раҳматов ба самар расониданд.

Дар бозии дигар Эрон бар Покистон бо ҳисоби 3 бар 0 ва Ҳиндустон бар Афғонистон бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз шуданд.

Мақсади асосӣ аз баргузории ин Фестивал на натиҷа, балки ҳосил кардани таҷриба барои иштирок дар мусобиқаҳои баъдии КФО буд.

Дар маросими ботантанаи пӯшидашавии Фестива ба ҳамаи иштирокчиён медалҳои хотиравӣ ва вимпелҳо тақдим карда шуд. Ҷоизаи “Fair play” (“Бозии одилона”) ба дастаи Покистон супорида шуд.

Аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон барои иштирокчиён ва ташкилкунандагон Фестивал тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд. Ба намояндагони КФО тоқии миллӣ ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ ҳадя карда шуд.

 

Фестивали минтақавии футболии КФО (U-14) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

ТОҶИКИСТОН – Эрон – 2:3

Шри-Ланка – Ҳиндустон – 0:6

Даври 2-юм

Ҳиндустон – ТОҶИКИСТОН – 0:1

Эрон – Шри-Ланка – 4:0

Даври 3-юм

ТОҶИКИСТОН – Шри-Ланка – 7:0

Ҳиндустон – Эрон – 2:2

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Эрон 3 2 1 0 9-4 7
2 ТОҶИКИСТОН 3 2 0 1 10-3 6
3 Ҳиндустон 3 1 1 1 8-3 3
4 Шри-Ланка 3 0 0 3 0-17 0

 

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

Непал – Покистон – 1:0

Даври 2-юм

Покистон – Афғонистон – 1:0

Даври 3-юм

Афғонистон – Непал – 0:2

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Непал 2 2 0 0 3-0 6
2 Покистон 2 1 0 1 1-1 3
3 Афғонистон 2 0 0 2 0-3 0

26 май (сешанбе)

Эрон – Покистон – 3:0

Непал – ТОҶИКИСТОН – 2:2

Ҳиндустон – Афғонистон – 3:1

Добавить комментарий