Дастаҳои “Динамо”-и Тотористон ва ВКД-и Тоҷикистон ғолиби сабқат шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаҳои “Динамо”-и Тотористон ва ВКД-и Тоҷикистон ғолиби сабқат шуданд

Дар маҷмааи варзишии “Шоҳин”-и шаҳри Қайроққум, сабқати байналмилалии футболи хурд байни дастаҳои футболи ниҳодҳои қудратии кишварҳои узви Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсози ҷамъиятҳои “Динамо”, зери шиори “Варзиш – алайҳи нашъамандӣ” поён ёфт.

Дар байни бозигарони синнашон то 35-сола барои ҷои сеюм дастаҳои футболи Қирғизистон ва “Динамо”-и вилояти Суғд рақобат карданд. Бозии шавқовар бо ҳисоби 10 бар 9 ба фоидаи дастаи динамочиёни хуҷандӣ анҷом ёфт.

Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои “Динамо”-ВКД Тотористони Федератсияи Русия ва ВКД-и Тоҷикистон бо ҳам вохӯраднд. Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи милисаҳои тоҷик анҷом ёфт. Дар қисми дуюми вохӯрӣ бошад, ҳакасбони русиягии онҳо матонат зоҳир карда, бо ҳисоби 4 бар 2 пирӯз шуданд.

Дар байни дастаҳои футболи бозигаронашон аз 35-сола боло бошад, медалҳои биринҷиро дастаи ВКД-и Қирғизистон соҳиб шуд. Миласаҳои қирғиз дар бозии ниҳоӣ ба дастаи Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо ҳисоби 7 бар 3 дастболо гардиданд.

Дар бозӣ барои медалҳои тиллои мусобиқа бошад, дружинаи ВКД-и Тоҷикистон бо дастаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рақобат карданд. Бозӣ бисёр шавқовару тамошобоб ҷараён гирифта, бо ҳисоби 4 бар 2 ба фоидаи аввалӣ анҷом ёфт.

Дар маросими ботантанаи пӯшидашавии мусобиқа муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғафорова баромад намуд. Ӯ дар баромадаш қайд кард, ки баргузории чунин мусобиқаҳо ба ташвиқу тарғиби варзиш ва тарзи солими ҳаёт, инчунин дар таҳкими дӯстии халқу миллатҳо мусоидат мекунад.

DSC_0280Ғолибони мусобиқа аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо Ҷому медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд. Ҳамчун рамзи меҳмондорӣ, дӯстиву бародарӣ ва садоқату эҳтиром, ба бозигарони дастаҳои футболи Русия, Кирғизистон ва Қазоқистон тоқиву ҷомаҳои миллӣ тӯҳфа карда шуд.

Дар байни бозигарони синашон то 35-сола инҳо беҳтарин эътироф шуданд: дарвозабон – Ленар Тухватуллин («Динамо», Тотористон), муҳофизатгар – Маратбек Мамонов (ВКД Қирғизистон), ҳамлагар – Ҷамшед Исмоилов («Динамо» вилояти Суғд), беҳтарин нишонзан – Наврӯз Толибов (ВКД ҶТ), беҳтарин бозигар – Аскар Наримбаев (Қазоқистон).

Дар байни бозигарони синашон аз 35-сола боло бошад, дарвозабон – Баҳодур Бобоев, муҳофизатгар Данияр Абдираимов (Қирғизистон), ҳамлагар – Сафархон Раҳимов (ВКД ҶТ), беҳтарин нишонзан – Далер Акназаров (МВД РТ) ва беҳтарин бозигар – Абдуҷалил Лоиқов (Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) дониста шуданд.

Добавить комментарий