“Далерон” “Барқи Тоҷик”-ро мағлуб кард – Федерация Футбола Таджикистана

“Далерон” “Барқи Тоҷик”-ро мағлуб кард

Бозии мавқуф гузошта шудаи даври аввали чемпионати Тоҷикистон байни “Далерон-Уротеппа” ва “Барқи тоҷик” бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи дастаи шаҳри Истаравшан поин ёфт. Голҳои истаравшаниҳоро легионери ганагӣ Гершон Акуффо дар дақиқаи 13 ва Меҳрулло Бобоев дар дақиқаи 85 ба самар расониданд. Ин ғалабаи сеюми “Далерон” дар мависми имсола мебошад. Баъди виктория бар “Барқи тоҷик” дастаи шаҳри Истаравшан бо 11 имтиёз ба зинаи 5 ҷадвали чемпионат баромад.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии мавқуф гузошташудаи даври 1ум

«ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» – «БАРҚИ ТОҶИК» – 2:0

Голҳо: Акуффо Гершон, 13 (1:0). Меҳрулло Бобоев, 85 (2:0).

 

Бозии даври 7-ум

29 май (ҷумъа)

Оғози соати 17:00

«ИСТИҚЛОЛ» – «РЕГАР-ТАДАЗ»

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 6 6 0 0 27-2 18
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 7 4 2 1 12-5 14
3 «Хайр» (Ваҳдат) 7 4 1 2 12-11 13
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 6 3 3 0 11-6 12
5 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 7 3 2 2 9-5 11
6 «Равшан» (Кӯлоб) 7 3 1 3 10-15 10
7 КМВА «Помир» (Душанбе) 7 2 1 4 5-11 7
8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 7 1 3 3 2-7 6
9 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 7 1 1 5 3-13 4
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 7 0 0 7 0-16 0

Нишонзанҳо: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») –  4 голӣНаполеон АНДОХ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Комил САИДОВ, Комрон ТУРСУНОВ (ҳар ду аз «Регар-ТадАЗ»), Бледа РОДРИГЕС («Истиқлол»), Давронҷон ТУХТАСУНОВ (КМВА «Помир») – 3 голӣ.

Добавить комментарий