«Барқи тоҷик» аз имтиҳони чемпион нагузашт – Федерация Футбола Таджикистана

«Барқи тоҷик» аз имтиҳони чемпион нагузашт

Имрӯз, 19 апрел, ду бозии боқимондаи даври дуюми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе, дар меҳмонӣ ба дарвозаи дебютанти имсолаи чемпионат, дастаи футболи «Барқи тоҷик» 5 голи беҷавоб зад.

Дар бозии дигари ин давр чемпиони ҳафткаратаи Тоҷикистон «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар шаҳри Истаравшан ба барандаи медалҳои биринҷии чемпионати соли гузашта – «Далерон-Уротеппа» бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«БАРҚИ ТОҶИК» «ИСТИҚЛОЛ» 0:5

Голҳо: Бледа Родригес, 10 (0:1). Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, 27 (0:2). Бледа Родригес, 34 (0:3). Умедҷон Шарипов, 41 (0:4). Хуршед Маҳмудов, 87 (0:5).

«Барқи тоҷик» (Душанбе): Эмомалӣ Сониев,  Алишер Ҷӯраев, Сафархон Мирзоев, Далер Бердиқулов, Фаррух Фузайлов, Самад Шоҳзуҳуров, Шодмон Тағойзода, Шавкати Ҳотам, Исломҷон Хурсанов (Фаридун Неъматов, 71), Сорбон Карамов, Ҳокимҷон Ҳасанов.

«Истиқлол» (Душанбе): Алишер Тӯйчиев, Меҳдӣ Чоҳҷӯӣ (Ромиш Ҷалилов, 46), Эраҷ Раҷабов, Петро Ковалчук, Аҳтам Назаров (Хуршед Маҳмудов, 46), Соҳиб Саванқулов, Хосе Баллестер, Парвизҷон Умарбоев, Умедҷон Шарипов, Бледа Родригес (Шериддин Бобоев, 71), Зиёвуддин Фузайлов.

Огоҳонида шуданд: Алишер Ҷӯраев, Шавкати Ҳотам («Барқи тоҷик»), Соҳиб Саванқулов, Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Бледа Родригес («Истиқлол»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) – 8,5 хол.

Нозири бозӣ: Шариф Назаров (Душанбе).

19 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобинон.

 

«ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» «РЕГАР-ТАДАЗ» 1:2

Голҳо: Фирӯз Қараев, 42 (0:1). Ҳикматулло Расулов, 68 – аз пеналти (1:1). Комил Саидов, 85 (1:2).

«Далерон-Уротеппа» (Истаравшан): Рустам Ризоев (Фатҳулло Бобоев, 46), Бенҷамин Авуко, Сӯҳроб Мансуров, Содиқ Мӯсо (Беҳзод Мӯсоев, 46), Далер Шомуродов, Ҳикматулло Расулов, Илҳом Баротов, Абдусамад Ҳоҷибоев, Хусрав Фозилов (Меҳрулло Бобоев, 46), Абдураҳмон Қурбонов, Соломон Течи.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Далерҷон Тухтасунов, Алишер Шарипов, Бахтиёр Азимов, Фаррух Чориев, Ойбек Абдуғаффоров (Расул Пайзов, 84), Нозим Бобоҷонов, Абдулло Саидов, Фирӯз Қараев (Даврон Мирзаев, 68, Нумон Зокиров, 87), Комрон Турсунов, Комил Саидов.

Огоҳонида шуданд: Абдусамад Ҳоҷибоев, Далер Шомуродов («Далерон-Уротеппа»), Комил Саидов, Алишер Шарипов, Фаррух Чориев, Бахтиёр Азимов («Регар-ТадАЗ»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Нозири бозӣ: Турдибек Қӯшназаров (Қайроққум).

19 апрел. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 2 2 0 0 7-0 6
2 «Хайр» (Ваҳдат) 2 2 0 0 4-1 6
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2 1 1 0 4-3 4
4 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 2 1 1 0 1-0 4
5 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 1 0 1 3-2 3
6 «Равшан» (Кӯлоб) 2 0 1 1 3-4 1
7 КМВА«Помир» (Душанбе) 2 0 1 1 0-2 1
8 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 1 0 0 1 1-2 0
9 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 2 0 0 2 0-4 0
10 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 1 0 0 1 0-5 0

Нишонзанҳо: Бледа РОДРИГЕС («Истиқлол»), Наполеон АНДОХ («Хайр») –  2 тӯбӣ.

Добавить комментарий